Суббота, 20.04.2024, 02:43
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 5
Гостей: 5
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ЗАЙНИДДИН МАҲМУДИ ВОСИФӢ
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ

Тарҷумаи ҳол

«Мирзобайрам ва Шоҳқосим бо чашми гирён ва лаби нолон аз ман ҷудо шуда рафтанд. Ман дар он мазор, дар ғарибию бекасӣ ва дар ҳолате, ки таб тамоми даруну берунамро месӯхт, танҳо мондам ва дар он ҳол байтҳоеро, ки дар ёд доштам, бар забон оварда нолаи ғарибона мекардам... Намедонам, маро хоб рабудааст ё таб бурда, ки аз худ рафтаам. Як вақт шунидам, ки касе бар сари қабре бо овози ҳазин ин байтҳоро бо навҳаи ҷонсӯз мехонд:

Кош он рӯз, ки дар пои ту зад хори аҷал,
Дати гетӣ бизадӣ санги ҳалокам бар cap.
То дар ин рӯз ҷаҳон бе ту надидӣ чашмам,
Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар cap.

Навҳагар рубоии зеринро бо оҳанге боз хам ҷонсузтар месуруд:

Рафтӣ, ки дилам зи бори ғам ранҷа кунӣ!
Ё хотирам аз хори ситам ранҷа кунӣ!
Ман бе ту намезиям, чу ой рӯзе —
Зинҳор ба хоки ман қадам ранҷа кунӣ.

Гӯянда навҳагарии худро бо ин гуна байтҳо давом медод. Ин нолаҳои ҳазинона маро дар хоби мадҳушӣ фиристод. Як вақт ҳушёр шудам, ки зани хубрӯе дар ғояти ҳусну ҷамол бар сарам нишаста ба руймоле ашк аз рӯи ман пок мекунад. Чун ӯ маро чашмкушода дид, пурсид: - О, ҷони модар! Аз куҷоӣ ва инчунин афтодаву хору зор чароӣ? Гуфтам:

- Эй, модари меҳрубон! Аз Хуросонам ва ғарибу бемору нотавонам.

Гуфт: - Эй фарзанди дилбанд! Ғам махӯр, ки ман модари туам, туро ғамхорӣ ва бемордорӣ мекунам. Инак, аз барои ту касе фиристода, туро ба хонаи худ мебарам.

Он зан рафту баъд аз замоне ғуломе шутуре овард ва маро бар он савор карда, ба хонаи он зани меҳрубон бурд. 
Аммо бемории ман шиддат ёфт ва оташи таб танури пайкарамро тамоман битофт, ба хадде, ки касеро намешинохтам. То чил рӯз дар ҳолати беҳушӣ ва бетоқатӣ будам. Баъд аз он арақоби сарде бар оташи танам рехт ва беморӣ аз баданам чун дуд аз оташ гурехт. Меҳрубониҳои oн занро бо ҳеҷ қалам тасвир ва таҳрир кардан ва бо ҳеҷ забоне тақрир намудан мумкин нест. 
Як модари мушфиқу меҳрубон ба фарзанди навзоди худ чӣ гуна бо дилсӯзӣ нигоҳубин кунад, ӯ ба ман, ки аз он бемории ҷонфарсо халос шуда, гӯё ба олами ҳаёт ба тозагӣ қадам ниҳода будам, ба хамон дараҷа, балки зиёдатар аз он дилсузӣ ва меҳрубонӣ мекард».

Ин як лаҳзаи ғамангези ҳаёти нависандаи бозарофат Зайниддин Маҳмуди Восифӣ буд. Соли 1512, ҳангоме ки Шоҳ Исмоили Сафавӣ ба Хуросон лашкар кашида, Ҳиротро мегирад, бисёр олимон, шоирон ва нависандагон тарки ватан намуда, рохи Мовароуннаҳру Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳоро пеш мегиранд. Восифӣ ҳам ҳамрохи дӯстони наздикаш якумрӣ зодгоҳашро тарк менамояд. Зайниддин Маҳмуди Восифӣ соли 1485 дар шаҳри Хирот ба дунё омадааст. Хешу табори Восифӣ низ аз табақаи миёнаҳоли шаҳр буда, бо меҳнати ҳалоли худ зиндагиашонро пеш мебурданд. Масалан, Мавлоно Амонӣ, ки табъи шоирӣ дошт ва яке аз хешовандони наздики Восифӣ ба хисоб мерафт, ба касби нахудбирёнкунӣ машғул буд. Восифӣ дар байни ҳамин гуна ашхос ба камол расид. Таҳсили ибтидоиро дар Хирот гирифт. Падари Восифӣ Абдуҷалил марди донишманду илмдӯст буд ва орзу дошт, ки фарзандаш босавод шавад. Дар оянда Во¬сифӣ таҳсилашро дар назди донишмандони маъруфи замон давом дод. 
Масалан, дар назди Мавлоно Исомуддин Иброҳим илмҳои мантиқ, маонӣ ва баёнро меомӯзад. Вай қобилияту истеъдоди аҷибе дошт. Дар синни 12-13-солагӣ илми назмшиносӣ ва муамморо ба хубӣ аз худ карда буд, ки ҳатто ҳусну қубхи шеърҳои шоирони бузургро мефаҳмид. Дар андак муддат Восифӣ дар Ҳирот шуҳрат ёфта, овозаи донишу камолоти ӯ ба гӯши намояндагони мактаби адабии Ҷомӣ мерасад. Онҳо Восифиро даъват карда, дар назди уламо ва удабои замон имтиҳон мекунанд. Восифӣ аз имтиҳон бо муваффақият мегузарад. Ба ҳамин тариқ, Восифӣ дар Ҳирот то соли 1512 ба касби камолот машғул шуда, шоҳиди задухурдҳои сулолаҳои Темуриён бо Шайбониён ва барҳам хӯрдани сулолаи Темуриён мегардад. Дере нагузашта Шоҳ Исмоил ба муқобили Шайбониён лашкар кашида, Ҳиротро ишғол мекунад. Онҳо он касонеро, ки суннимазҳаб буданд, таҳкир мекарданд ва бисёриҳоро мекуштанд. Ҳатто қабри Абдураҳмони Ҷомиро оташ зада буданд. Бинобар ин аксарияти одамони суннимазҳаб Хуросонро тарк мекунанд. Восифӣ ҳам бо як машаққати зиёд, ҳамон зайле ки дар боло гуфтем, гурехта, ба Самарканд меояд. Он вакт 27-сола буд. Восифӣ 10 соли аввали ҳаёти худро асосан дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро гузаронд. Ӯ ба дарбори Убайдуллохон роҳ ёфта, чанд муддат ба корҳои эҷодӣ машғул шуд. Убайдуллохон, ки табъи шоирӣ низ дошт ва бо тахаллуси Убайдй шеър мегуфт, барои шуҳрату дабдабаи дарбори худ шоирони зиёдеро ҷамъ намуда буд. Пас аз чанд муддат ҳокими Тошканд Севунҷхоҷахон барои таълиму тарбияи фарзандонаш Восифиро ба Тошканд даъват кард. Ҳаёти ин давраи Восифиро устод Айнй ба тариқи зайл тасвир кардааст: «Восифӣ дар ин сайру сафарҳои худ гоҳ дар мадрасаҳо дар қатори муллоён ва талабагон истиқомат кард, гоҳо дар маҷлиси олимон ва шоирон умри худро бо мунозира ва мушоира сарф намуд, гоҳ бо омма ошноӣ карда, зиндагонии онҳоро омӯхт, гоҳо дар майхонаҳо ва хароботхонаҳо дар миёнаи авбошон ва майнушон афтода, ҳамкоса шуд, гоҳо дар дарборҳои хонҳои маҳаллӣ монанди надим (ҳамсӯҳбат) умр гузаронида, чанд гоҳ ба фарзандони Севунҷхоҷахон, ки дар Тошканд ҳукумат дошт, муаллимӣ кард». Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар Тошканд танҳо як сол ба писарони Севунҷхоҷахон Келдимуҳаммад ва Наврӯзаҳмад таълим доду халос. Вай боз ба Самарқанд баргашт. Сабаби аз дарбор рафтани ӯ, пеш аз ҳама, дар он будааст, ки аҳли дарбор, шоирони маддоҳ ва дигар шахсони олирутбаи дарбор нависандаро таъқиб намуда, ҳар гуна корҳои ношоистаро дар хаққи ӯ раво дидаанд. Тӯҳмату бӯҳтон, мунофиқию бадкирдории аҳли дарбор қалби адибро маҷрӯҳ кард, бинобар ин ӯ маҷбур шуд, ки мусофират намояд. Восифӣ дар Самарқанд дар масҷиди Атторон ба касби муаллимӣ машғул гардид. 
Ҳаёти ин давраи нависанда то як андозае ором ва осуда буд. Ӯ дар маҷлису ҷамъомадҳои аҳли илму адаби Самарқанд фаъолона иштирок мекард. Маҳз дар ҳамин айём, яъне дар солҳои 1517-1518 ба навиштани ёддоштҳои худ cap кард ва 10 боби аввали асари худро дар ҳамин ҷо ба анҷом расонид. Баъди як сол шогирди Восифӣ Келдимуҳаммад ҳокими Шохрухия таъин гардид. 
Вай аҳли илму адабро аз ҳар гушаю канори мамлакат ба дарбор даъват намуд. Дар ин маврид муаллими худ Восифиро низ аз ёд набаровард. Восифӣ ба дарбор рафтанро бо ҳар гуна баҳонаҳо рад намуд, вале Келдимуҳаммад ӯро маҷбуран ба дарбор овард. Восифӣ дар дарбор хизмати надимиро иҷро мекунад. Азбаски Восифӣ марди донишманду фозилу суҳбаторо буд, дар дарбор эътибори зиёд пайдо кард. Восифӣ ба воситаи овардани ҳикоятҳои пандомез, наклу ривоятҳои аҷиб табъи хонро хуш намуда, ӯро ба адлу дод даъват менамояд. Зиёда аз 15 соли ҳаёти нависанда ба ин аҳвол гузашт. Дар ин муддат Восифӣ ба навиштан ва тартиб додани асари бузурги худ Бадоеулвақоеъ пайваста машғул гардид. Соли 1524 Севунҷхоҷахон вафот мекунад ва Келдимуҳаммад аз Шоҳрухия ба Тошканд омада, ба тахти подшохӣ менишинад. Восифӣ ҳам ҳамроҳи Келдимуҳаммад ба Тошканд омада, боз ба ҳамон кори пештарааш машғул мегардад. Акнун Келдимуҳаммад хеле заиф ва касалманд шуда буд, ба корҳои давлатӣ камтар машғул мешуд, бисёртар вақти худро ба айшу нӯш сарф мекард. Восифӣ аз ин истифода бурда, бештар ба корҳои эҷодӣ машғул мегардад. Ниҳоят, пас аз вафоти Келдимуҳаммад ба ҷои ӯ писари 6-моҳааш Ҳасансултон хон таъин мегардад, вале дар ҳақиқат бошад, идораи давлатро бародари Келдимуҳаммад Наврӯзаҳмад ба ӯҳда дошт. Вақте ки Ҳасансултон 6-сола шуд, Восифӣ ҳанӯз дар дарбор буд. Восифиро муаллими ӯ таъин мекунанд. Чанд муддат Восифӣ ба ӯ таълим медиҳад. Ғайр аз ин ёддоштҳои худро ба охир расонида, ба Ҳасансултон мебахшад. Вале дере нагузашта Ҳасансултон вафот мекунад. Он вақт Восифӣ ба 55 даромада буд. Ҳаёти минбаъдаи нависанда дар Тошканд мегузарад ва дар пиронсолагӣ, чунон ки муаллифи тазкираи «Музаккирулаҳбоб» Ҳоча Ҳасани Нисорӣ мегӯяд, Восифӣ тахминан дар соли 1556 дар шаҳри Тошканд вафот мекунад. Эҷодиёти Зайниддин Маҳмуди Восифӣ гуногун ва серсоҳа аст. Вай ҳам дар наср ва ҳам дар назм қувваозмоӣ кардааст. 
Аммо Восифӣ дар таърихи адабиёт ҳамчун нависанда машҳур аст. Аз ӯ то замони мо асари баландмазмун Бадоеулвақоеъ расидааст. Асар аз 46 боб иборат буда, ба ҳар боб мувофиқи мазмунаш номгузорӣ шудааст. Нависанда, ки худ намояндаи аҳли ҳунар буд, дар асараш бештар ба васфу ситоиши ҳунармандон мепардозад. Ӯ саъю кӯшиш кардан, ҳамеша баҳри ба даст овардани гули мақсуд саъй варзиданро тараннум мекунад. Зеро:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Бадоеулвақоеъ ҳамчун сарчашмаи илмиву адабӣ дар адабиётшиносии форсу тоҷик мақоми баланд дорад. Нависанда дар асар маълумотҳои дақик ва эътимодбахшро доир ба ҳаёту фаъолияти як зумра шоирону адибони замони хеш, аз он ҷумла Ҷомӣ, Навоӣ, Биноӣ, Дарвеши Деҳакӣ гирдоварӣ намудааст, ки аҳамияти муҳими илмӣ дорад. Зайниддин Маҳмуди Восифӣ на танҳо нависанда, инчунин шоир, олим, муаррих, забоншиноу адабиётшиноси мумтоз низ буд. Восифӣ махсусан дар эчоди ғазал маҳорати баланд доштааст. Ғазалиёти ӯ дар равониву ширинӣ ва санъати сухан баланд буда, намунаи барҷастаи осори лирикии асри 16 адабиёти тоҷик маҳсуб мегарданд. Инак намунае аз ғазалиёти шоир манзур мегардад:

Меравам аз кӯи ту бо ҷони пурғам, хайр бод!
Бо дили пуроташу бо чашми пурнам, хайр бод!
Аҳли оламро зи ман гар буд дар хотир ғубор,
Ман зи олам меравам, бар аҳли олам, хайр бод!
Он парӣ дар вақти рафтан аз сари меҳру вафо,
Восифии хастаро мегуфт ҳар дам: «Хайр бод»!
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 2381 | Комментарии: 2 | Теги: ЗАЙНИДДИН МАҲМУДИ ВОСИФӢ | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru