Пятница, 19.04.2024, 10:09
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ДУШАНБЕ - ХОНАИ ОСОИШИ ДИЛ - Иншо
ДУШАНБЕ - ХОНАИ ОСОИШИ ДИЛ

Душанбе хонаи осоиши дил,

 Маро дурй зи ту корест мушкил.

Чу пайвандаст чонашро маконат,

Ки пайванданд бо хам обу хам гил.

Душанбе маркази Чумхурии Точикисгон, шахри пайвандгари дилхо,  макони мехру  шавкат, маскани точикони бузург аст. Душанбе кишварест, ки барои аз хурд то бузурги ин сарзамин Ватан аст. Ватане, ки дар канори бузургаш ба дунё омадаему бузург гаштаем. Ватане, ки мисли модари гамхор дусташ медорем. Механе, ки сар то сар гул-гулшукуфону ободу зебову бофарогат аст.

Душанбе маркази дунёи точик бустони ту,

Чахони хуррамиву шабчароги точикони ту.

Ту маьвои диливу маъхази кони равонй ту,

Душанбе мулки шоирзодаиву достонй ту.

Душанбе бузургшахрест, ки точиконро чун миллати бузургу номдор, марказу умеду армон аст. Даме, ки дар кучахои ин шахри бузург кадам мезанем, беихтиёр аз зебогии  мухити  атрофаш  халоват мебарем. Даме, ки мардуми мехмоннавозу бофарханги дорои маданияти баланди шахрвандонашро вомехурем, беихтиёр нидо мекунем:

Назар кардам зи руи мехру шавк,ат руи оламро,

Душанбе хастиву чону тавони ту.

 Хама дороият рухи равон бахшад бузургонат,

Макони сад бузургу пахлавони ту.

Душанбе макони мардони хирад, занони баору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубха, мафтункунанда. Душанбе шахрест зебову дилоро ва макони мардумони мехмоннавоз, олихиммат ва сарбаланду номдор:

Эй дуст, биё бахри томошои Душанбе,

Бешубха, ту хам мешавй шайдои Душанбе.

Имруз хамчун бошандаи кучаки ин сарзамини бузург моро лозим меояд, ки бо тамоми бузургихояш онро васфу ситоиш намоем, зеро он бузургмеханест, ки дилу дидахоро карину барчост. Душанбе маконест, ки саросар гулрезу гулбасару машхуру дилорост. Бинохои серошёна, қасру толорхои бархаво, театру донишкадахои бузург, бинохои маъмуриву фархангй, илова бар хамаи ин маркази сиёсию фархангй ва иктисодй буданаш Душанберо дахчанд зебову овозадор мегардонад.

Душанбе фахри. даврони хар як бошандаи баору номуси ин сарзамини дилорост. Даме, ки дар эчодиёти ин ё он адиби бузург васфи ин богшахри дилкушоро мутолиа менамоем, беихгиёр метавон гуфт, ки Душанбе дахчанди ин ситоишхову фузунтар аз хамаи арзишхост, зеботар аз хамаи зебогихои олам аст, ки акли бинандаро мафтун мегардонад.

Хуршед мекашад сар аз шонаи Душанбе,

 Нуру зиё бирезад бар хонаи Душанбе.

 Шехрест пурфасона ин богшахри зебо,

Дилро барад хамеша афсонаи Душанбе.

Душанбе   дар   калби   точикону   точикисгониён монанди   нигинест,   ки   дар   хар   нигох   шуълапошй мекунад.   Пиру   барной   ин   сарзамини  хамешабахор мисоли парвона гирди шабчароги ягонаи ин шахри дилоро дар гардишанд. Дархои мехмонхонахои бузурги Душанбешахр хамчун кошонаи умеду армон хамеша ба суи мехмонон боз буда, фарзандони неку фарзонаи он бо фарри ориёй бо хусну шавкати каёнй онро хусни шохона мебахшанд.

Ин шахр шахри бахт аст, ин шахри точу тахт аст,

З-ин ру хамеша гуем, шукронай Душанбе.

Оре, шукронаи Душанбе, ки мо бошандаи ин макони гулбасарем. Шукронаи мардуми фархангии он, ки ифтихори миллати бузурги точиканд. Фарзандони чахонгарди ин богшахри дилкушо хамеша аз дурихои дур васфи кишвари махбуб карда, озодагии обу хаво, гулу гиёххои онро дар дил мепарваранд:

Дар дил хаваси оби Душанбе бошад.

Дил моили Варзоби Душанбе бошад.

Оинаи хушнамои шабхои висол,

Оинаи махтоби Душанбе бошад.

Боиси ифтихор ба тамоми ситоишхо ин богшахри дилкушо ва макони санъатхои во лову мардону занони химматбаланд мо, точикони асилро ватан гардида. Аз дилу чон бо тамоми хастиву зуру тавон мебояд хар як гулу гиёх ва сангу обу хоки онро парастиш кард.

Хулоса, Душанбе хамчун маркази бузурги Точикистони азизу сохибистиклол, хар рузу хар соат дар айни шукуфтанхост ва руз то руз онро ободу зебо, бофарогату дилнишин дидан метавон. Кист он бузургдиле, ки аз обу хавою дилнишинихои ин макони азалй бебахра монд? Кист он родмарде, ки кудрати бузурги ин сарзаминро бо мардумони баору иомусаш дастгир набуд? Нест нафаре, нест точике, ки бузургии ин макони шахдрезро эхсос накарда бошад.

Нест лахзае, ки буи атромези Душанбеи дилнишин калби саршор аз мехру мухаббат ва машоми муаттари димоги мардумашро шефта нагардонда.

Туй номусу нангу номи миллат,

Нишоне аз ниёгонй - Душанбе.

Касе, ки бо ту созад, дар намонад?

Дилат ёбад ба осонй Душанбе!

 
Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 7184 | Комментарии: 1 | Теги: ДУШАНБЕ - ХОНАИ ОСОИШИ ДИЛ - ИНШО | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru