Пятница, 19.04.2024, 08:49
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 10
Гостей: 10
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Шарҳи ҳол ва мавзӯи ашъори Носири Хусрав - Иншо

Шарҳи ҳол ва мавзӯи ашъори Носири Хусрав

            Нақша

            Муқаддима

1.      Шарҳи зиндагии шоир

2.      Мероси адабии шоир

Хулоса

            Носири Хусрав дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ва аҳли илму адаби машриқзамин яке аз шоирону нависандагоне аст, ки дар давоми умри бобаракати худ бо назму наср асарҳои зиёде эҷод намудааст. Шоир дар бораи фаровонии асари хеш чунин фармудааст:

            Мангар бад-ин заиф танам, з-он ки дар сухан

            З-ин чархи пурситора фузун аст асар маро.

Носири Хусрав, ки гоҳо худро Марвазӣ низ гуфтааст, соли 1004 дар шаҳри Қубодиён таваллуд шудааст.

Носири Хусрав аз овони кӯдакӣ ба илму дониш ва касбу ҳунар шуғл варзида, маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ касб намудааст. Шоир дар мадрасаҳои шаҳри Қубодиёну Балх ба омӯхтани сарфу наҳви арабӣ, балоғату фасоҳат, тафсир, ҳадис, илоҳиёт ва монанди онҳоро омӯхта, ба роҳи худомӯзӣ илмҳои замони худ: арӯз, қофия, фалсафа, таърих, мусиқӣ, ҳисоб, ҳандаса, табиатшиносӣ ва забонҳои ҳиндиву юнониро низ аз худ намудааст.

Баъҳо Носири Хусрав ҳамчун яке аз шоирони маълуму машҳур ба корҳои маъмурии давлатӣ роҳ меёбад. Баъди машҳур ба корҳои маъмурии давлатӣ роҳ меёбад. Баъди табаддулотҳои давлатӣ Носири Хусрав ба сафари ҳафтсола мебарояд. Шоир баъд аз гурезогурезҳо ва овогардиҳо ба яке аз мавзеъҳои Бадахшон бо номи Юмгон паноҳ мебарад. Носири Хусрав 25 соли ҳаёти худро дар Юмгон сипарӣ менамояд. Соли 1088 шоир бо хориву зориҳо дар ҳамон ҷо вафот мекунад.

Аз шоир ба мо мероси ғание боқӣ мондааст. Яке аз онҳо «Сафарнома»-и ӯ мебошад, ки аҳамияти бузурги илмиву таърихӣ дорад. «Сафарнома» мушоҳида ва натиҷаи сафарҳои 7 – солаи шоир будааст, к ибо забони содаву равон навишта шудааст.

Асари дигари Носири Хусрав «Девон»-и ӯ мебошад. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳо аз шоир ду девон боқӣ мондааст, ки бо забонҳи арабию форсӣ таълиф гардидааст.

Ин фахр бас маро, ки ба ҳар ду забон,

Ҳикмат ҳаму мураттабу девон кунам.

Ҷонро зи баҳри мидҳати Оли Расул,

Гаҳ Рӯдакиву гоҳу Ҳассон кунам.

Аз мавҷудияти девони арабии шоир то кунун хабаре нест. Девони манзуми шоир, ки ҷамъоварӣ шудааст, аз қасида, ғазал ва рубоӣ иборат аст.

Фаъолияти адабӣ ва шоирии ӯ, асосан, дар 25-солагӣ шурӯъ шудааст. Муваофиқи ишораи Давлатшоҳи Самарқандӣ, аз Носири Хусрав девони бузург боқӣ мондааст. Ӯ аслан қасида сурудааст, Қасидаҳои шоир баъзе ҷиҳатҳо аз қасидаи ҳазамонони худ ба куллӣ фарқ мекардааст. Дар қасидаҳои ӯ мадҳу ситоиши подшоҳон, васфи шароб дида намешавад.

Маснавии «Саодатнома» яке аз асарҳои дигари шоир буда, дорои 300 байт аст. Мавзӯъҳои асосии «Саодатнома»-ро масъалаҳои панду ахлоқ, некӣ, бурдборӣ, эҳсон, ҷавонмардӣ, меҳру вафо дар бар мегирад.

«Рӯшноинома»-и шоир дорои 592 байт аст, ки дар тӯли як ҳафта таълиф шудааст. Дар асари мазкур масъалаҳои фалсафӣ аз қабили пайдоиши оламу одам, офариниши осмону ситораҳо сифати камолоти инсон, тарзи бунёд ёфтани ҷомеаи инсонӣ,  пайдо шудани давлат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Умуман, дар осори шоир тамоми паҳлуҳои зиндагии ҷомеа мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Носири Хусрав ба ҳамаи ин масъалаҳо аз диду назари инсондӯстӣ назар афкандааст. Фикру ақидаҳои пешқадами шоир то ба имрӯз низ дар байни мардум мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки аз аҳамият холӣ набудаанд.

  

Категория: Иншо | Добавил: Warior (12.02.2013)
Просмотров: 4072 | Комментарии: 2 | Теги: Шарҳи ҳол ва мавзӯи ашъори Носири Х | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 2
2 Марзия  
0
Барои хонандагон!!!

1 Марзия  
0
Н. Хусрав

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru