Вторник, 16.04.2024, 20:38
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ШУКРИ ИСТИКЛОЛ МЕГУЕМ МО - Иншо
ШУКРИ ИСТИКЛОЛ МЕГУЕМ МО

Бо зухури истиклол чун неъмати бебахо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранчкашидаи точик сохибистиклол гардид. Истиклол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати точдори точик аст. ки дар асри 20-ум ба даст омада.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, мехру вафо, ободию озодй, хамфикрию хамзизтй ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги точик ва Точикистони азиз оварда.
Истиклолият шиносномаи хастии давлат, комилхукукй ва сохибихтиёрй, низоми давлатдорй ва бузургии миллат аст. ки сиёсати дохилию хоричй, иктисодй, вазъияти ичтимоиву фархангии миллатро ривочу равнак медихад. Истиклол рамзи сохибдавлатй ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини точик аст. ки номаи такдирашро бо дасти хеш навишта, роху равиши хосса ва макому мавкеи муносибро дар чомеаи чахонй пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра хамсадо месозад.
Истиклол чун олитарин мехмони пурфайзу пурсаховат бар хони кишвари точикон соли 1991 кадам ранча намуд. Ин миллати мехмоннавоз кудуми мубораки ин мехмони оликадрро воло хисобида ба хубй пазируфт. Гарчанде бархе аз номуродон сараввал чун душманони каттоли ин сарзамини афсонавй тобу токати ин руйдоди бузурги таърихй накарда миллати баруманди точикро бо хамдигар игво андохтанд, чангхои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми баруманди ин сарзаминро мухочир гардониданд, мавзеъхоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд. зеро ин миллати бузургро марди бузургу дунёдида, чахондону дарёдил, бохираду неккадам Президенти Точикистони азиз, Эмомалй Рахмон рохбаладй мекунад. Бо мурури вакт хама душворию азиятхо   паси  сар  гаштанду  давлат   орому  миллат дилшод гардид.
Бо паси сар кардани монеаву душворихои зиёд, мулохизакор будани миллат имруз Точикистонро тамоми мамлакатхои чахон мешиносанд. Имруз миллати точикро тамоми дунё чун кавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишвархои чахон дар сохахои гуногун фаъолият мебаранд. Кариб хамаи кишвархои дунё робитаи дустию тичоратиашонро бо Точикистон пайвастаанд, ки ин хама нишонахои бузурги истиклол аст.
Имруз  наметавон  сарзаминеро  номбар  кард,   ки Точикистонро чун кишвари сохибистикдол нашиносад. Имруз  миллати  точик  дар  арафаи  чашни  20-солагии истиклоли   миллй   хамачониба   барои   ободкорй   ва хамзиштии осоишта мекушад. Рамзхои асосии давлати мо нишони миллй, парчами миллй, пули миллй мебошанд. Фарзандони миллат дар куввахои миллии давлати хеш адои хизмати Модар-Ватан мекунанд. Имруз миллати сарбаланди   точик   бо   ифтихори   бузурги   миллй   аз дастовардхои бузурги истиклол чун иншоотхои бузурги кишвар,     сохтмонхои     НБО-и     Рогун,     Сангтудаи-1, Сангтудаи-2,   «Рохи  мошингарди  Бадахшон»,  «Накби Истиклол», «Рохи охани Хатлону Кулоб». ифтихор дорад. 

Хучаста бошадо иқболи точик, 
Ба парвози навин шахболи точик. 
Гар истиқлолаш испиқбол дорад, 
Хумоён бод истиқлоли точик.

 Бузургтарин  дастоварди   Чумхурии   Точикистон дар даврони Истиклоли Точикистон, ки соли 1994 сурат гирифта буд, қабули Сарконуни  чумхурй мебошад. Сарконун мавкеи шахсро дар чамъият дар мадди аввал гузошта. ки он гувохи сохтани давлати демократй ва хукукбунёд гардид.
Хулоса, тавассути истиклол Точикистон точикони чахонро бо хам овард ва дари худро ба хаммиллатони бурунмарзй боз намуд. Имруз Точикистон сохибихтиёр аст. Самараи неки истикдол аст, ки имруз Точикистон дар дунё чун давлати сулххоху сулхпарвар шинохта шудааст. Тачрибаи сулхи точикон - манбаи омузиши сулххохони чахон гашт, ки боиси ифтихори хар як кавми точикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз хам машхуртар гардидани он кушишу гайрат намоем.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 14975 | Комментарии: 1 | Теги: ШУКРИ ИСТИКЛОЛ МЕГУЕМ МО - ИНШО | Рейтинг: 3.2/24
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru