Четверг, 25.04.2024, 14:08
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Асосҳои техникаи компютерӣ

ИМКОНИЯТХОИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS
1. ИМКОНИЯТЊОИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ
WINDOWS
Доир ба имкониятњои системаи оператсионии MS DOS ва функсияњои он дар синфи 8 муфассал сухан ронда будем. Њоло мо ба омўзиши системаи оператсионии графикии Windows шурўъ менамоем, ки он барои компютерњои њозиразамони IBM PC системаи стандартї ба њисоб меравад. Калимаи Windows (Виндовз) дар забони тољикї тарљумаи тирезањо, равзанањоро дорад. Барои чї ин системаро Windows номидаанд? Гап дар он аст, ки дар ин система њар як программа дар экран дар дохили равзанаи худ тасвир карда мешавад. Бо ёрии элементњои равзанањо бошад, программањо идора ва иљро карда мешаванд. Windows то имрўз аз вариантњои аввалаи худ хеле мукаммалтар гардонида шудааст. Вариантњои Windows 3.1 ва Windows 3.11-ро ќабатњои оператсионии графикї ном мебаранд. Чаро ин программањоро на системањои оператсионї, балки ќабатњои программавї мегўянд? Барои он ки пеш аз омодаи кор гаштани онњо, бояд системаи оператсионии MS DOS ба кор шурўъ намояд ва баъд онњоро ин система ба хотира љеѓ занад.Вариантњои баъдинаи Windows, яъне Windows 95, Windows 98, Windows NT, Windows 2000, Windows ХР бошанд, системањои оператсионии графикии мустаќил ба њисоб мераванд, чунки њангоми компютерро ба ќувваи барќ пайваст намудан, онњо ба кор оѓоз менамоянд. Њар як варианти баъдинаи Windows аз вариантњои пештарааш имкониятњои
зиёдтар дорад. Раќамњои ин системањо соли пайдошавии 5 онњоро нишон медињанд. Масалан, Windows 98 соли 1998 ихтироъ карда шуда, ба ѓайр аз функсияњои системаи оператсионии MS DOS ва вариантњои пештараи Windows-ро дар бар гирифтанаш, боз имкониятњои алоќаи шабакавии компютериро таъмин менамояд. Кор дар њар гуна варианти Windows аз системаи оператсионии MS DOS дида осонтар ва ќулайтар аст. Чаро? Аввалан, барои ба воситаи DOS идора намудани компютер боёрии клавиатура командањои зиёди англисиро ба хотираи ондохил намудан зарур аст. Худи командањо, вазифањои онњо,параметрњояшон ва ѓайраро аз ёд донистан лозим аст, вагарна барои иљро намудани ягон амалиёт њуљљатњои техникии
зиёдро доимо мутолиа намудан ва дар назди худ нигоњ доштан лозим меояд. Баъдан, њар як DOS-программа дар экран намуди зоњирии ба худ хос ва маљмўи командањои хоси худро дорад, ки онњо аз командањои программањои дигар ба куллї фарќ мекунанд. Масалан, амалиёти якхелаи нусхабардорї ё несткунии фрагменти матни њуљљат ва ё гирифтани маълумот оиди ин ё он љабњаи программа, ки ќариб барои њамаи
программањо хос мебошанд, дар њар як программа ба воситаи командањои гуногун иљро карда мешаванд. Барои њамин њам лозим меояд, ки омўзиши њар як DOS-программа аз сифр сар карда шавад. Чунин норасої ва камбудињо дар системаи оператсионии графикии Windows њалли худро ёфтаанд. Windows барои
њамаи программањои худ муњити ягонаи кориро (интерфейс) таъмин менамояд. Яъне амалиёти якхела дар њамаи программањо бо ёрии командањои якхела иљро карда мешаванд. Њатто командањои Windows њам аз командањои DOS ба куллї фарќ доранд. Дар Windows њар як команда аз рўйхати махсуси меню номидашаванда, бо ёрии муш интихоб ва иљро карда мешавад ва њамин тариќ, зарурати командаро аз ёд
донистан аз байн меравад. Аз тарафи дигар, њар як Windows-парограмма дар экран дар шакли нишонае инъикос карда мешавад ва барои онро ба кор даровардан танњо ба њамон нишона таъсир расонидан
кифоя аст. Азбаски нишонањо доимо дар экран намудоранд, бинобар њамин номи программањоро аз ёд донистан шарт нест.
Бартарии дигари системаи оператсионии Windows аз DOS дар он аст, ки дар ин љо якбора якчанд программаро ба кор дароварда, бо онњо кор кардан мумкин аст. Илова бар ин информатсияи як программаро дар программањои дигар истифода бурдан мумкин аст. Њамин тариќ, системаи оператсионии Windows:
 Интерфейси графикии байни компютер ва истифодабарандаро таъмин менамояд. 
 Таъминоти программавии базавї ба шумор меравад, ки дар асоси он тањриргарони матнї (масалан, Microsoft Word),таблитсањои электронї (масалан, Microsoft Excel), базаи маълумотњо (масалан, Microsoft Access) ва дигар программањои амалї кор мекунанд.
 Идоракунии хотираи компютер ва амалиёти дохилкунї ва хориљкунии информатсияро ба ўњдаи худ мегирад.
 Программањои хидматии махсусро дар бар мегирад, ки онњо доимо дурустии худи система, программањои он, файлњо, каталогњо ва дискњоро месанљанд ва ба онњо хизмат мерасо-
нанд.
Категория: Асосҳои техникаи компютерӣ | Добавил: Warior (16.12.2012)
Просмотров: 2795 | Комментарии: 1 | Теги: ИМКОНИЯТХОИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ W | Рейтинг: 3.5/2
Всего комментариев: 1
1 sunat  
0
салом ба хама

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru