Пятница, 25.09.2020, 10:36
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2329
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики

В разделе материалов: 98
Показано материалов: 1-10
Страницы: 1 2 3 ... 9 10 »

«Мирзобайрам ва Шоҳқосим бо чашми гирён ва лаби нолон аз ман ҷудо шуда рафтанд. Ман дар он мазор, дар ғарибию бекасӣ ва дар ҳолате, ки таб тамоми даруну берунамро месӯхт, танҳо мондам ва дар он ҳол байтҳоеро, ки дар ёд доштам, бар забон оварда нолаи ғарибона мекардам... Намедонам, маро хоб рабудааст ё таб бурда, ки аз худ рафтаам. Як вақт шунидам, ки касе бар сари қабре бо овози ҳазин ин байтҳоро бо навҳаи ҷонсӯз мехонд:...
Забон ва Адабиёт | Просмотров: 1749 | Author: Ibrohim |Добавил: Warior | Дата: 12.01.2013| Комментарии (0)

Бинои чи дар назму чи дар наср ба мо аз худ мероси бойе гузоштааст. Асархои «Шайбонинома» ва «Футухоти хони». 
Ин ду асар, асархои таърихи буда, барои равшан намудани бисёр масъалахои таърихи ба муаррихони имруза кумаки калон мерасонад. Касидаи шоир «Мачмаулгароиб», ки соли 1498 навишта шуда, аз 501 байт иборат аст, фазилатхои хуб, донишу истеъдоди баланди Алишер Навоиро ситоиш намудааст:....
Забон ва Адабиёт | Просмотров: 1343 | Author: Ibrohim |Добавил: Warior | Дата: 12.01.2013| Комментарии (0)

Соли 1453 дар оилаи усто Мухаммадхони Сабз тифле ба дунё меояд, ки аз он хурсандии волидайн хадду канор надошт. 
Падар ба у Шерали ном мегузорад. Мухаммадхон марди хунарманд, бинокору меъмор буд ва зиндагониашон факирона мегузашт. ...
Забон ва Адабиёт | Просмотров: 2033 | Author: Ibrohim |Добавил: Warior | Дата: 12.01.2013| Комментарии (0)

Алишер Навоӣ (9 уми феврали 1441, деҳаи Давлатободи наздики Ҳирот — 3-юми январи 1501, Ҳирот), шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек, ходими давлатӣ. Ӯ дар дар осори ӯзбекии худ бо тахаллуси "Навоӣ" ва дар ашъори тоҷикиаш бо "Фонӣ" эҷод кардааст....
Забон ва Адабиёт | Просмотров: 1605 | Author: Ibrohim |Добавил: Warior | Дата: 12.01.2013| Комментарии (0)

Ғазалҳо
Чу ашки хештан ғалтам миёни хоку хун шабҳо
Муаллим, гӯ, мадеҳ таълими бедод он парирӯро
Рахна кардӣ дил ба қасди ҷон мани девонаро
Кори мо чуз фикри мурдан нест дур аз ёри мо
Дардмандам, оҷизу бемору танҳову ғариб
* * *
Чу ашки хештан ғалтам миёни хоку хун шабҳо, 
Зи рашки он ки бинам ҷоми майро лаб бар он лабҳо.
Шудӣ машҳури шаҳр он сон ки ҳамчун "Сураи Юсуф", 
Ҳамехонанд тифлон қиссаи хуснат ба мактабҳо....
Забон ва Адабиёт | Просмотров: 1666 | Author: Ibrohim |Добавил: Warior | Дата: 12.01.2013| Комментарии (0)

Ҷоми олим, мутафаққир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст. 
Ӯ адабиёти зиёда аз 500-солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст....
Забон ва Адабиёт | Просмотров: 1342 | Author: Ibrohim |Добавил: Warior | Дата: 12.01.2013| Комментарии (0)

Дар девони шоир, ки бештар аз 10 ҳазор байт иборат аст, қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва маснавиҳои хурди шоир гирдоварӣ шудаанд. Ашъори лирикӣ ва сурудҳояш вирди забон гардидаанд. Исмати Бухороӣ тартиботи носози замонашро зери танқид гирифта, чунин гуфтааст:...
Забон ва Адабиёт | Просмотров: 809 | Author: Ibrohim |Добавил: Warior | Дата: 12.01.2013| Комментарии (0)

Исмати Бухороӣ ё Исматуллоҳи Бухорӣ шоири форсу-тоҷик бештар бо номи Хоҷа Исмат машҳур. Дар Бухоро таҳсили илм кардааст. Дар замони салтанати султон Халили Темурӣ ба хидмати дарбор даъват шуда, вале ба зудӣ аз хизмати дарбор рӯй тофтааст....
Забон ва Адабиёт | Просмотров: 914 | Author: Ibrohim |Добавил: Warior | Дата: 12.01.2013| Комментарии (0)

Ғазалҳо
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт
Роҳест роҳи ишқ, ки ҳеҷаш канора нест
Даме беғам ба сар бурдан ҷаҳон яксар намеарзад
Ерӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Кай шеъри тар ангезад, хотир, ки ҳазин бошад
Гуфтам, ки: "Хато кардиву тадбир на ин буд"
Гуфтам: "Каям даҳону лабат комрон шавад?"
Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд....
Забон ва Адабиёт | Просмотров: 4586 | Author: Ibrohim |Добавил: Warior | Дата: 12.01.2013| Комментарии (0)

Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз, ки даҳҳо адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. Сабаби "Ҳофиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард...
Забон ва Адабиёт | Просмотров: 3669 | Author: Ibrohim |Добавил: Warior | Дата: 12.01.2013| Комментарии (0)

Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2020-2014 omuzgor.my1.ru