Четверг, 25.04.2024, 23:06
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ҒАЗАЛҲОИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Ғазалҳо
Чу ашки хештан ғалтам миёни хоку хун шабҳо
Муаллим, гӯ, мадеҳ таълими бедод он парирӯро
Рахна кардӣ дил ба қасди ҷон мани девонаро
Кори мо чуз фикри мурдан нест дур аз ёри мо
Дардмандам, оҷизу бемору танҳову ғариб
* * *
Чу ашки хештан ғалтам миёни хоку хун шабҳо, 
Зи рашки он ки бинам ҷоми майро лаб бар он лабҳо.
Шудӣ машҳури шаҳр он сон ки ҳамчун "Сураи Юсуф", 
Ҳамехонанд тифлон қиссаи хуснат ба мактабҳо. 
Ба хоб ар бар дарат ёбанд ҷо ҷонҳои муштоқон,
Ба бедорӣ куҷо оянд дигар сӯйи қолабҳо?! 
Зи ту ҳар шаб зи бас ё раб равад, бар осмон афтад, 
Малоикро ғалат дар сабҳа аз ғавғои ёрабҳо. 
Танамро з-оташи дил ҳар дам афзояд табе дигар, 
Худоро, эй аҷал, раҳме, ки ҷонам сӯхт з-ин табҳо! 
Шудам бадбахт з-ашки худ, нашуд, оре маро ҳаргиз, 
Саодатмандие рӯзӣ аз ин сайёра кавкабҳо. 
Зи ҳафтоду ду миллат кард Ҷомӣ рӯ ба ишқи ту,
Бале, ошиқ надорад мазҳабе ҷуз тарки мазҳабҳо.
Бозгашт ба аввал
* * *
Муаллим, гӯ, мадеҳ таълими бедод он парирӯро, 
Ки ҷуз хӯйи накӯ лоиқ набошад рӯйи некӯро. 
Маро чашми накӯӣ буд аз он бадхӯ, чӣ донистам,
Ки хоҳад гӯш кардан дар ҳаққи ман қавли бадгӯро. 
Рақибо, чун ба раҳ мебиниям афтода, раҳме кун,
Яке з-ин сӯ хиромон бигзарон он сарви дилчӯро.
Агар пои сагаш мебӯсам, эй носеҳ, мазан таъна, 
Ки ман рӯзе ба кӯйи ошноӣ дидаам ӯро, 
Ба ҷойи ҳар сари мӯ бар тани ман бод сад ништар,
Агар хоҳам зи дарди дӯст холӣ як сари мӯро. 
Наяфтодӣ миёни хоку хун ҳардам, агар будӣ, 
Ба роҳаш рӯйи афтодансиришки бераҳу рӯро. 
Чунин ошуфтаву расво ба кӯйи ӯ марав, Ҷомӣ,
Мабодо, к-аз ту ор ояд сагони он саги кӯро. 
Бозгашт ба аввал
* * *
Рахна кардӣ дил ба қасди ҷон мани девонаро, 
Дузд, оре, баҳри коло мешикофад хонаро. 
Тухми меҳри холи ӯ дар маяфган, эй рақиб,
Беш аз ин зоэъ макун дар санги хоро донаро. 
Хез, гӯ, машшота, к-андар зулфи мушкинат намонд, 
Баски дилҳо шуд гиреҳ вақти гузаштан шонаро. 
Меканам сина ба нохун карда рӯ дар кӯйи ту,
Мекушоям равзане сӯйи ту ин вайронаро. 
Оқибат хоҳам зи ту бегона гаштан, чун кунам, 
3-ошно пеши ту қадр афзун бувад бегонаро. 
Ишқ ёкрангӣ тақозо мекунад в-ин равшан аст, 
В-арна шамъ оташ чаро зад ҳамчу худ парвонаро. 
Ҷомӣ аз худ рафт, аз он бут қисса кам гӯ, эй рафиқ,
Мустамеъ дар хоб шуд, кӯтоҳ кун афсонаро.
Бозгашт ба аввал
* * *
Кори мо чуз фикри мурдан нест дур аз ёри мо, 
Ваҳ, ки ёри мо нагардад ҳеҷ фикри кори мо. 
Рӯй дар девори ғам шабҳо ба сар бурдан чӣ суд, 
Гар на он маҳ бар занад як шаб сар аз девори мо. 
Чанд худро беш қиммат мениҳӣ, эй порсо, 
Худфурӯширо ривоҷе нест дар бозори мо. 
Мекунад пок аз сиришки сурх рӯйи мо рақиб, 
В-аз ҳасад дидан наёрад ранг бар рухсори мо. 
Гарчӣ шуд сарҳалқа аҳли маърифатро шайхи шаҳр,
Сар намедорад бурун аз ҳалқаи зуннори мо. 
Гӯша кун, гӯ, турраи дастори худ, зоҳид, чу шуд-
Дурдполои ҳарифон гӯшаи дастори мо. 
Гуфтам аз бӯйи ту шуд боди сабо, аттор, гуфт:
- Ҷомӣ, аз анфоси худ акнун туӣ аттори мо. 
Бозгашт ба аввал
* * *
Дардмандам, оҷизу бемору танҳову ғариб, 
Ҳоли худ машрӯҳ гуфтам, вақти лутф аст, эй табиб. 
Ҳар шифо дар ҳуққаи лаъл асту он дар дасти туст,
Ҳуққа бикшову каромат кун шифое анқариб. 
Ҷӯшиши дарёи фазлат неку бадро шомил аст, 
Гарчӣ аз бад бадтарам, ҳошо, ки монам бенасиб. 
Ошиқи беморро васли ҳабиб омад илоҷ, 
3-остонат чун равам, чун ҳам табибӣ, ҳам ҳабиб? 
Бо ту дастовези ман танҳоиву ғурбат бас аст, 
Бо ғарибон лутфу раҳмат нест аз хӯят ғариб. 
Умр ширин, айш хуш аз давлати васли ту буд,
Ло бақоӣ баъдаҳу ялҷу вало айшӣ ютиб.
Банда Ҷомиро ба мискинони ин даргоҳ бахш,
Истаҷиб ҳоз-ад-дуо фӣ шаъниҳу ё мустаҷиб.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 2375 | Комментарии: 1 | Теги: ҒАЗАЛҲОИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru