Пятница, 29.03.2024, 17:00
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ҒАЗАЛҲОИ ФАРИДУДДИНИ АТТОР
Ғазалҳо
Ҷаҳон аз боди наврузй ҷавон шуд
Эй дарси ишқат ҳар шабам то рӯз такрор омада
Даст дар ишқат зи ҷон афшондаем
Дар ишқ барор бебарорист
Азми он дорам, ки имшаб ниммаст
* * *
Ҷаҳон аз боди наврузй ҷавон шуд, 
Зиҳй зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд. 
Шамоли субҳдам мушкиннафас гашт, 
Сабой гарми ӯ анбарфишон шуд. 
Ту гӯӣ оби ҳизру оби кавсар, 
Зи ҳар суйи чаман ҷӯе равон шуд. 
Чу гул дар маҳд омад, булбули маст, 
Ба пеши маҳди гул наъразанон шуд.
Куҷоӣ, соқиё, дардеҳ шаробе, 
Ки умрам рафту дил хун гашту ҷон шуд. 
Қафас бишкан, к - аз ин доми гулӯгир, 
Агар хоҳӣ шудан, акнун тавон шуд. 
Чӣ мегӯӣ, ба нақди айш хуш бош, 
Чи мегӯӣ, ки ин як рафту он шуд. 
Яқин медон, ки чун вақт андар ояд, 
Туро ҳам мебибояд аз миён шуд. 
Чу боз афтодӣ аз раҳ, раҳ зи сар гир,
Ки ҳамраҳ дур рафту корвон шуд. 
Балои ногаҳон андар пайи мост,
Дили Аттор аз ин ғам нотавон шуд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Эй дарси ишқат ҳар шабам то рӯз такрор омада, 
В - эй рӯзи ман бе руйи ту ҳамчун шаби тор омада. 
Эй маҳ ғуломи руйи ту, гашта Зуҳал хиндуи ту, 
В - эй ҳур зи акси рӯйи ту чун зарра дар кор омада.
Эй дар сарам савдои ту, ҷону дилам шайдои ту, 
Гардун ба зери пойи ту, чун хоки раҳ хор омада.
Ҷон банда шуд рои туро, рӯйи дилорои туро,
Хоки кафи пойи туро, чашмам ба дидор омада. 
Чун бар бисоти дилбарӣ, шатранҷи ишқам мебарӣ, 
Гаштам зи ҷону дил барӣ, эй ёри айёр омада.
То нарди ишқат бохтам, шашро зи як нашнохтам,
Чун ҷону дил дарбохтам, дастам ба зинҳор омада. 
Эй ҷазъи ту шаккарфурӯш, эй лаъли ту гавҳарфурӯш,
Эй зулфи ту анбарфурӯш аз пеши Аттор омада.
Бозгашт ба аввал
* * *
Даст дар ишқат зи ҷон афшондаем 
В-остине бар ҷаҳон афшондаем. 
Эй басо хуно, ки дар савдои ту, 
Аз ду чашми хунфишон афшондаем. 
В-эй басе, оташ, ки аз дил дар ғамаш, 
Аз замин то осмон афшондаем. 
То дили тардоманӣ бардоштем, 
Доман аз кавну макон афшондаем. 
Дил гаронӣ кард дар киштии ишқ, 
Рахти дил дар як замон афшондаем. 
Чун назар бар рӯйи он дилбар фитод,
Тан фурӯ додему ҷон афшондаем. 
Ҳарчӣ дар сад сол мекардем ҷамъ, 
Дар даме бар дилситон афшондаем. 
Чун зи роҳи неку бад бархостем, 
Дил зи бори ину он афшондаем. 
Чун дили Аттор шуд дарёи ишқ,
Бас ҷавоҳир, к-аз забон афшондаем.
Бозгашт ба аввал
* * *
Дар ишқ барор бебарорист, 
Бадномии ишқ номдорист.
Чун нест шумори ишқ пайдо, 
Машмар, ки шумори бешуморист. 
Дар ишқ зи ихтиёр бигзар, 
Ошиқ будан на ихтиёрист. 
Гар дил дорй, туро сазад ишқ, 
В - арна ҳама зӯҳду сӯгворист.
Зорй мекун, чу дил надодӣ, 
То дил надиданд, кор зорист. 
Ҷоно, бари ту барор онрост, 
К-аз ишқи ту айни беқарорист.
Он аст азиз дар ду олам,
К-аз ишқи ту дар ҳазор хорист. 
Ҳар бехабаре, ки қадри ишқат,
Менашносад, зи хоксорист. 
В-он кас, ки шинохт хурдаи ишқ,
Ҳар хурдаи ӯ бузургворист. 
Парвонаи туст ҷони Аттор,
З-он аст, ки ғарқи ҷонсупорист.
Бозгашт ба аввал
* * *
Азми он дорам, ки имшаб ниммаст, 
Пойкӯбон кӯзаи дурдӣ ба даст 
Сар ба бозор қаландар дар нидам,
Пас ба як соат бибозам дар чӣ даст. 
То кай аз тазвир бошам худнамой, 
То кай аз пиндор бошам худпараст? 
Пардаи пиндор мебояд дарид, 
Тавбаи зуҳҳод мебояд шикааст, 
Вақти он омад, ки дасте барзанам, 
Чанд хоҳам будан охир пойбаст? 
Соқиё, дардеҳ шаробе дилкушой, 
Ҳин, ки дил бархост ғам дар сар нишаст.
Ту бигардон давр то мо мардвор, 
Даври гардун зери пой орем паст.
Муштариро хирқа аз сар баркашем, 
Зуҳраро то ҳашр гардонем маст. 
Пас чу Аттор аз ҷиҳат берун шавем,
Беҷиҳат дар рақс оем аз аласт.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 891 | Комментарии: 1 | Теги: ҒАЗАЛҲОИ ФАРИДУДДИНИ АТТОР | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru