Суббота, 04.05.2024, 10:45
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2407
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ҒАЗАЛҲОИ САЛМОНИ СОВАҶӢ
Ғазалҳо
Дар азал акси майи лаъли ту дар ҷом афтод
Мастию ишқ аз азал пешаву оини мост
То зи моҳи талъатат тарфи ниқоб афтодааст
Дӯшам он гулчеҳра дар огӯш буд
Эй чини сари зулфат маъвои дили Салмон
* * *
Дар азал акси майи лаъли ту дар ҷом афтод,
Ошиқи сӯхтадил дар тамаъи хом афтод. 
Ҷомро аз шакари лаъли лабат нукле кард, 
Рози сарбастаи хум дар давани ом афтод. 
Холи мушкини ту дар орази гандумгун дид, 
Одам омад зи пайи донаву дар дом афтод. 
Бод зуннори сари зулфи ту аз ҳам бикушуд, 
Сад шикаст аз тарафи куфр бар Ислом афтод.
Ишқ бар куштани ушшоқ тафоул мекард, 
Аввалин қуръа, ки зад бар мани бадном афтод. 
Ишқам аз рӯйи тамаъ пардаи тақво бардошт, 
Табл пинҳон чӣ занам ташти ман аз бом афтод. 
Дӯш Салмон ба қалам шарҳи ғами дил медод,
Оташ андар вараку дуд дар ақлом афтод.
Бозгашт ба аввал
* * *
Мастию ишқ аз азал пешаву оини мост, 
Дини ман ин асту бас кист, ки бо дини мост?
Хоки дари мастаба з-оби Хизир беҳтар аст,
Чашмаи нӯшини мо ҷуръаи дӯшини мост. 
Риндию майхорагӣ қисми ман имрӯз нест, 
Одати дерини дил пешаи пешини мост. 
Бистару болини ман то нашавад хоку гул, 
Хоку гили мастаба бистару болини мост. 
Кунҷи харобот агар маскани мо шуд, чӣ шуд? 
Ганҷи ду олам ба накд дар дили мискини мост.
Нақшу нигори ҷаҳон ҳеҷ мабин дар ҷаҳон,
К-он чи назар мекунӣ нақши нигорини мост.
Бозгашт ба аввал
* * *
То зи моҳи талъатат тарфи ниқоб афтодааст, 
Ларза аз акси рухат бар офтоб афтодааст.
Раҳмате фармо, ки аз борони ашки чашми ман, 
Мардуми бечораро дар хона об афтодааст. 
Мекашад мискин дилам тоби таноби турраат, 
Чун кунад дар гардани ӯ ин таноб афтодааст. 
Хайли хунхори хаёл атрофи чашми ман гирифт, 
Он чунон, к-аз дидаи ман роҳи хоб афтодааст. 
Ҳамдаме дорам азиз аз ман ҷудо хоҳад шудан, 
Лоҷарам мискин дилам дар истироб афтодааст. 
Чашми мастат дидаам рӯзе дар он мастӣ ҳанӯз,
Дар хароботи муғон Салмон хароб афтодааст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Дӯшам он гулчеҳра дар огӯш буд,
Ҳаббазо вақте ки моро дӯш буд. 
Лаб ба лаб, рухсор бар рухсор буд,
Рӯ ба рӯ, оғӯш дар оғӯш буд. 
Ҳарчи он ҷуз бода буд макрӯҳ гашт,
Он чӣ ғайр аз дӯст буд фармӯш буд.
Аз майи лаъли лабаш то субҳдам
Бонги ҳоёҳуй нӯшонӯш буд. 
Аз нишоти ҷуръаи паймони мо, 
Ақлу ҷон сармасту дил мадҳуш буд. 
Аз хурӯши мо фалак буд дар хурӯш,
То хурӯси субҳдам хомӯш буд. 
Зӯҳраву хуршедро аз рашки мо, 
Бар фалак хуни ҷигар пурчӯш буд.
Субҳ ногаҳ аз сари мо баргирифт 
Пардаи шабро, ки он сарпӯш буд. 
Азми рафтан кард ҷое дилбарам, 
Он дам аз бими бади бадгӯш буд.
Рехт Салмон дар пайаш аз дидагон
Гавҳаре, к-аз лутфи ӯ дар гӯш буд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Эй чини сари зулфат маъвои дили Салмон, 
Маъвои ҳама дилҳо чун ҷойи дили Салмон.
Гар ишқи ту бо Салмон ин шева кунад охир, 
Эй вой дили Салмон, эй вой дили Салмон. 
Аз рӯю лабат моро ҳам гулшакаре фармо,
Зеро ки зи ҳад бугзашт савдои дили Салмон.
Ҷону хираду динам бирбуд лаби лаълат, 
Он рӯз, ки мекардӣ яғмои дили Салмон.
Зулфат ба сарандозӣ дарбохт басе сарҳо, 
Ё раб, ба сар андозаш дар пойи дили Салмон. 
Бар ҳар тарафат халқе саргашта чу Салмонанд,
Лекин ту намегирӣ ҷуз пойи дили Салмон.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 914 | Теги: ҒАЗАЛҲОИ САЛМОНИ СОВАҶӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru