Пятница, 29.03.2024, 16:08
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

Достони "Хусрав ва Ширин"- НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ
Достони "Хусрав ва Ширин"
Васли ҷамоли Ширин
Лоба кардани Хусрав пеши Ширин
Оғози ишқи Фарҳод
Мунозираи Хусрав бо Фарҳод
* * *
Паридухте парибугзор моҳе,
Ба зери мақнаа соҳибкулоҳе.
Шабафрӯзе чу маҳтоби ҷавонӣ,
Сияҳчашме чу оби зиндагонӣ.
Кашида қомате чун нахли симин,
Ду зангӣ бар сари нахлаш рутабчин.
Зи бас к - овард ёд он нӯшлабро,
Даҳон пур оби шаккар шуд рутабро.
Ба марворид дандонҳои чун нур,
Садафро оби дандон дода аз дур,
Ду шаккар чун ақиқи обдода,
Ду гесӯ чун каманди тобдода,
Хами гесӯш тоб аз дил кашида,
Ба гесӯ сабзаро бар гил кашида.
Шуда гарм аз насими мушкбезаш,
Димоғи наргиси беморхезаш.
Фусунгар карда бар худ чашми х(в)адро,
Забон баста ба афсун чашми бадро.
Ба сеҳре, к - оташи дилҳо кунад тез,
Лабашро сад забон, ҳар як шакаррез.
Намак дорад лабаш дар ханда пайваст,
Намак ширин набошад в - они ӯ ҳаст.
Ту гӯйӣ биниаш теғест аз сим,
Ки кард он теғ себеро ба ду ним.
Зи моҳаш сад қасабро рахна ёбӣ
Чи моҳаш рахнае бар рух наёбӣ.
Ба шамъаш бар басе парвона бинӣ,
Зи нозаш сӯйи кас парво набинӣ.
Сабо аз зулфу рӯяш ҳуллапӯш аст,
Гаҳе қоқум, гаҳе қундузфурӯш аст.
Муваккал карда бар ҳар ғамза ғунҷе,
Занах чун себу ғабғаб чун турунҷе.
Рухаш тақвими анҷумро зада роҳ,
Фишонда даст бар хуршеду бар моҳ.
Ду пистон чун ду симин нори навхез,
Бар он пистон гули бӯстон дирамрез.
Зи лаълаш бӯсаро посух нахезад,
Ки лаъл ар во кушояд, дур бирезад
Ниҳода гардан оҳу гарданашро,
Ба оби чашм шуста доманашро.
Ба чашми оҳувон он чашмаи нӯш,
Диҳад шерафганонро хоби харгӯш.
Ҳазор оғӯшро пур карда аз хор,
Як оғӯш аз гулаш ночида дайёр.
Шабе сад кас фузун бинад ба хобаш,
Набинад кас шабе чун офтобаш.
Гар андоза зи чашми хеш гирад,
Ба оҳуе сад оҳу беш гирад.
Зи рашки наргиси масташ хурӯшон,
Ба бозори Ирам райҳонфурӯшон.
Ба идороӣ абрӯйи ҳилолӣ,
Надидаш кас, ки ҷон напурсад ҳолӣ.
Ба ҳайрат монда Маҷнун дар хаёлаш,
Ба қоим ронда Лайлӣ бо ҷамолаш.
Ба фармоне, ки хоҳад халқро кушт,
Ба дасташ даҳ қалам, яъне даҳ ангушт.
Маҳ аз хубиш худро хол хонда,
Шаб аз холаш китоби фол хонда.
Зи гӯшу гарданаш лӯълӯъ хурӯшон,
Ки раҳмат бар чунон лӯълфурӯшон!
Ҳадисеву ҳазор ошӯби дилбанд,
Лабеву сад ҳазорон бӯса чун қанд.
Сари зулфе, ки нозу дилбарӣ пур,
Лабу дандоне аз ёқуту аз дур,
Аз он ёқуту он дурии шакарханд,
Муфарраҳ сохта савдоие чанд.
Ҳунар саргашта бар рӯйи чу моҳаш,
Дилу ҷон фитна бар зулфи сиёҳаш.
Шунар фитна шуда бар ҷони покаш,
Набишта ӯҳдаи анбар ба хокаш.
Рухаш насрину бӯяш низ насрин,
Лабаш ширину номаш низ Ширин,
Шакарлафзон рухашро нӯш хонанд,
Валиаҳди Меҳинбонуш хонанд.
Парирӯён, к - аз он кишвар амиранд,
Ҳама дар хидматаш фармонпазиранд.
Зи меҳнатзодагони моҳпайкар
Бувад дар хидматаш ҳафтод духтар.
Ба хубӣ ҳар яке ороми ҷоне,
Ба зебойӣ диловози ҷаҳоне.
Ҳама ороста бо рӯду ҷоманд,
Чу маҳ манзил ба манзил мехироманд.
Гаҳе бар хирмани маҳ мушк пӯшанд,
Гаҳе дар хирмани гул бода нӯшанд.
Зи бурқаъ нест - шон бар рӯй банде,
Ки н - орад чашмзахм он ҷо газанде.
Ба хубӣ дар ҷаҳон ёре надоранд,
Ба гетӣ ҷуз тараб коре надоранд.
Чу бошад вақти зӯр он зӯрмандон
Кананд аз шер ҷанг, аз пил дандон.
Ба ҳамла ҷони оламро бисӯзанд,
Ба новак чашми кавкабро бидӯзанд,
Агар ҳури биҳиштӣ, ҳаст машҳур
Биҳишт аст он тараф в - он лӯъбатон ҳур.
Меҳинбону, ки он иқлим дорад,
Басе з - ин гуна зарру сим дорад...
Бозгашт ба аввал
* * *
Малик чун дид, к - ӯ дар кор хом аст,
Забонаш тавсан асту табъ ром аст.
Ба лоба гуфт, к - "Эй моҳи ҷаҳонтоб,
Итоби дӯстон ноз аст, бар тоб.
Савоб ояд, раво дорӣ, писандӣ,
Ки вақти дастгирӣ даст бандӣ?
Давидам то ба ту дасте дарорам,
Ба даст орам туро дасте барорам.
Чу бинам кунун зулфат маро баст,
Чу дар даст омадӣ ман вақтам аз даст.
Нагӯям дар вафо савганд бишкан,
Хуморамро ба бӯсе чанд бишкан.
Зи боғи васл пургул кун канорам,
Чу донӣ, к - аз фироқат бар чӣ корам.
Магар з - он гул гулоболуд гардам,
Ба бӯй аз гулистон хушнуд гардам.
Ту сармасту сари зулфи ту дар даст,
Агар хушдил нишинам, ҷойи он ҳаст.
Чу бо ту май хӯрам, чун каш набошам,
Туро бинам, чаро дилх(в)аш набошам?
Камар заррин бувад, чун бо ту бандам,
Даҳан ширин шавад, чун бо ту хандам.
Гар аз ман мебарӣ чун мӯҳра аз мор,
Ман аз гул боз мемонам, ту аз хор,
Гар аз дарди сари ман мешавӣ фард,
Ман аз сар дур мемонам, ту аз дард.
Ҷигар хӯр , к - аз ту беҳ ёре надорам,
Зи ту хуштар ҷигархоре надорам.
Маро гар рӯйи ту дилкаш набошад,
Дилам бошад валекин х(в)аш набошад...
В - агар ҷон гардад аз рӯят инонтоб,
Бувад ҷонро арӯсӣ, лек дар хоб.
Итобе гар бувад моро аз ин пас,
Миёнҷӣ дар миёна мӯйи ту бас".
Чу лахте қиссаҳои хуш фурӯ гуфт,
Гирифта зулфи дилбар хуш фурӯ хуфт.
Бозгашт ба аввал
* * *
Парипайкар нигори парниёнпӯш,
Бути сангиндили симинбаногӯш,
Дар он водӣ, ки ҷое буд дилгар,
Нахӯрдӣ ҳеҷ хӯрде хуштар аз шир.
Гараш сад гуна ҳалво пеш будӣ,
Ғизо - ш аз модиёну меш будӣ.
Аз ӯ то чорпоён дуртар буд,
Зи шир овардан ӯро дарди сар буд,
Ки пиромуни он водӣ ба харвор,
Ҳама харзаҳра буд чун заҳраи мор.
Зи чӯби заҳр чун чӯпон хабар дошт,
Чарогоҳи гала ҷойи дигар дошт.
Дили Ширин ҳисоби шир мекард,
Чӣ фан созад, дар он тадбир мекард,
Ки шир оварданд аз ҷое чунин дур
Парасторони ӯро дошт ранҷур.
Чу шаб зулфи сиёҳ афганд бар дӯш,
Ниҳод аз моҳи заррин ҳалқа дар гӯш.
Дар он ҳалқа, ки буд он моҳи дилсӯз,
Чу мори ҳалқа мепечид то рӯз.
Нишаста пеши ӯ Шопур танҳо,
Фурӯ канда зи ҳар навъе суханҳо.
Аз ин андеша, к - н сарви саҳӣ дошт,
Дили фарзона Шопур огаҳӣ дошт.
Чу гулрух пеши ӯ ин қисса баргуфт,
Ниюшанда чу барги лола бишкуфт.
Намозаш бурд чун ҳинду париро,
Сутудаш чун Аторуд Муштариро.
Ки: "Ҳаст ин ҷо муҳандис марде устод,
Ҷавоне номи ӯ фарзона Фарҳод.
Ба вақти ҳандаса ибратнамое,
Маҷастидону уқлидаскушое,
Ба теша чун сари санъат бихорад,
Заминро мурғ бар моҳӣ нигорад.
Ба санъат сурхгулро ранг бандад,
Ба оҳан нақши Чин бар санг бандад.
Ба пеша даст бӯсандаш ҳама Рум,
Ба теша санги хороро кунад мум.
Ба устоде чунин корат барояд,
Бад - ин чашма гул аз хорат барояд.
Бувад ҳар кор бе устод душвор,
Нахуст устод бояд, в - он гаҳе кор!
Гарам фармон диҳӣ, фармонпазирам,
Ба даст оварданаш бар даст гирам,
Ки мо ҳар ду ба Чин ҳамзод будем,
Ду шогирд аз яке устод будем.
Чу ҳар моя, ки буд аз пеша бардошт,
Қалам бар ман фиганд, ӯ теша бардошт,
Чу Шопур ин ҳикоятро бар сар бурд,
Ғами шир аз дили Ширин бадар бурд.
Чу рӯз оинаи хуршед дар баст,
Шаби садчашм ҳар сад чашм барбаст.
Таҷассус кард Шопур он заминро,
Ба даст овард Фарҳоди гузинро.
Ба шодирвони Ширин бурд шодаш,
Ба расми хоҷагон курсӣ ниҳодаш.
Даромад Кӯҳкан монанди кӯҳе,
К - аз ӯ омад халоиқро шукӯҳе.
Чу як пил аз ситабриву баландӣ,
Ба миқдори ду пилаш зӯрмандӣ.
Рақибони ҳарам бинвохтандаш,
Ба воҷиб ҷойгоҳе сохтандаш.
Буруни парда Фарҳод истода,
Миён дар баставу бозӯ кушода.
Дар андеша, ки лӯъбатбоз гардун
Чӣ бозӣ орадаш з - он парда берун.
Ҷаҳон ногаҳ шабехунсозие кард,
Паси он парда лӯъбатбозие кард.
Ба ширинхандаҳои шаккаринсоз
Даромад шаккари Ширин ба овоз.
Дуқулфи шаккар аз ёқут бардошт,
В - аз ӯ ёқуту шаккар қут бардошт.
Рутабҳое, ки нахлаш бор медод,
Рутабро гӯшмоли хор медод.
Ба нӯшбоди он хурмои дар шир,
Шакар хонд ангабинро чошнигир.
Зи бас, к - аз домани лаб шаккар афшонд,
Шакар доман ба Хӯзистон барафшонд.
Шунидас номи ӯ Ширин аз он буд,
Ки дар гуфтан аҷаб ширинзабон буд.
Зи Ширинӣ чӣ гӯям, ҳар чӣ хоҳӣ,
Ба овозаш бихуфтӣ мурғу моҳӣ.
Табарзадро чу лаб пурнӯш кардӣ,
Зи шаккар ҳалқаҳо дар гӯш кардӣ.
Дар он маҷлис, ки ӯ лаб баркушодӣ,
Набудӣ кас, ки ҳоли ҷон надодӣ.
Касеро, к - он сухан дар гӯш рафтӣ,
Гар Афлотун будӣ, аз ҳӯш рафтӣ.
Чу бигрифт он сухан Фарҳод дар гӯш,
Зи гармӣ хун гирифташ дар ҷигар ҷӯш.
Баровард аз ҷигар оҳе шағабнок,
Чу масрӯъе зи по афтод бар хок.
Ба рӯйи хок меғалтид бисёр
В - аз он саркӯфтан печид чун мор.
Чу Ширин дид, к - он оромрафта
Диле дорад чу мурғ аз дом рафта.
Ҳам аз роҳи сухан шуд чорасозаш,
Бад - он дона ба дом овард бозаш.
Пас онгоҳ гуфта, к - "Эй донанда устод,
Чунон хоҳам ки гардонӣ маро шод.
Муроди ман чунон аст, эй ҳунарманд,
Ки бикшойӣ дили ғамгинам аз бад.
Ба чобукдастиву устодкорӣ,
Кунӣ дар кори ин қаср устуворӣ.
Гала дур асту мо мӯҳтоҷи ширем,
Тилисме кун, ки шир осон бигирем.
Зи мо то гӯсфандон як ду фарсанг
Бубояд канд ҷӯе маҳкам аз санг,
Ки чӯпононам он ҷо шир дӯшанд,
Парасторонам ин ҷо шир нӯшанд".
Зи Ширин гуфтану гуфтори ширин,
Шуда ҳуш аз сари Фарҳод мискин.
Суханҳоро шунидан метавонист,
Валекин фаҳм кардан менадонист.
Забонаш кард посухро фаромушт,
Ниҳод аз оҷизӣ бар дида ангушт.
Ҳикоят боз ҷуст аз зердастон,
Ки мастам, кӯрдил бошанд мастон,
Надонам, к - ӯ чӣ мегӯяд, бигӯед,
Зи ман коме, ки меҷӯяд, бигӯед.
Рақибон он ҳикоят баргирифтанд,
Суханҳое, ки рафт аз сар гирифтанд.
Чу огаҳ гашт аз он андеша Фарҳод,
Фиканд он ҳукмро бар дида бунёд.
Дар он хидмат бағоят чобукӣ дошт,
Ки кори нозанинон нозукӣ дошт.
Аз он ҷо рафт берун теша дар даст,
Гирифт аз меҳрубонӣ пеша дар даст.
Чунон аз ҳам дарид андоми он бум,
Ки мешуд зери захмаш санг чун мум.
Ба теша рӯйи хоро мехарошид,
Чу бед аз санг маҷро метарошид.
Ба ҳар теша, ки бар санг озмудӣ,
Ду ҳамсангаш ҷавоҳир музд будӣ.
Ба як моҳ аз миёни санги хоро
Чу дарё кард ҷӯе ошкоро.
Зи ҷойи гӯсфандон то дари кох,
Дурӯя сангҳо зад шох дар шох.
Чу кор омад ба охир, ҳавзае баст,
Ки ҳавзи кавсараш бӯсид мар даст.
Чунон тартиб кард аз санг ҷӯе,
Ки дар дарзаш намеғунҷид мӯе.
Дар он ҳавза, ки кард ӯ сангбасташ,
Равон шуд об гуфтӣ, з - обдасташ.
Бино чандон тавонад буд душвор,
Ки банноро наёмад даст дар кор.
Агар сад кӯҳ бод канд пӯлод,
Забун бошад ба дасти одамизод.
Чӣ чора, к - он бани одам надонад,
Ба ҷуз мурдан, к - аз ӯ бечора монад!
Бозгашт ба аввал
* * *
Нахустин бор гуфташ, к - "Аз куҷоӣ?"
Бигуфт: "Аз дори мулки ошноӣ",
Бигуфт: "Он ҷо ба санъат бар чӣ кӯшанд?"
Бигуфт: "Андӯҳ харанду ҷон фурӯшанд".
Бигуфто: "Ҷонфурӯшӣ дар адаб нест?"
Бигуфт: "Аз ишқбозон ин аҷаб нест".
Бигуфт: "Аз дил шудӣ ошиқ бад - ин сон?"
Бигуфт: "Аз дил ту мегӯӣ, ман аз ҷон".
Бигуфто: "Ишқи Ширин бар ту чун аст?"
Бигуфт: "Аз ҷони ширинам фузун аст".
Бигуфто: "Ҳар шабаш бинӣ чу маҳтоб?"
Бигуфт: "Оре, чу хоб ояд, куҷо хоб?"
Бигуфто: "Дил зимеҳраш кай кунӣ пок?"
Бигуфт: "Онгаҳ, ки бошам хуфта дар хок".
Бигуфто: "Гар хиромӣ дар сарояш?"
Бигуфт: "Адозам ин сар зери пояш".
Бигуфто: "Гар кунад чашми туро реш?"
Бигуфт: "Ин чашми дигар дорамаш пеш".
Бигуфто: "Гар касеш орад фарочанг?"
Бигуфт: "Оҳан хӯрад в - ар худ бувад санг".
Бигуфто: "Гар наёбӣ сӯйи ӯ роҳ?"
Бигуфт: "Аз дур шояд дид дар моҳ".
Бигуфто: "Дурӣ аз маҳ нест дарх(в)ар".
Бигуфт: "Ошуфта аз маҳ дур беҳтар"
Бигуфто: "Гар бихоҳад ҳар чӣ дорӣ?"
Бигуфт: "Ин аз худо хоҳам ба зорӣ".
Бигуфто: "Гар ба сар ёбиш хушнуд?"
Бигуфт: "Аз гардан ин вом афканам зуд".
Бигуфто: "Дӯстиш аз табъ бигзор"
Бигуфт: "Аз дӯстон н - ояд чунин кор"
Бигуфт: "Осуда шав, к - ин кор хом аст".
Бигуфт: "Осудагӣ бар ман ҳаром аст".
Бигуфт: "Рав сабурӣ кун дар ин дард",
Бигуфт: "Аз ҷон сабурӣ чун тавон кард?"
Бигуфт: "Аз сабр кардан кас хиҷил нест",
Бигуфт: "Ин дил тавонад кард, дил нест".
Бигуфт: "Аз ишқ корат сахт зор аст?"
Бигуфт: "Аз ошиқӣ хуштар чӣ кор аст?"
Бигуфто: "Ҷон мадеҳ, бас дил ки бо ӯст?"
Бигуфто: "Дӯшмананд ин ҳар ду бе дӯст?"
Бигуфто: "Дар ғамаш метарсӣ аз кас?"
Бигуфт: "Аз меҳнати ҳиҷрони ӯ бас".
Бигуфто: "Ҳеҷ ҳамхобет бояд?"
Бигуфт: "Ар ман набошам, низ шояд".
Бигуфто: "Чунӣ аз ишқи ҷамолаш?"
Бигуфт: "Он кас надонад ҷуз хаёлаш".
Бигуфт: "Аз дил ҷудо кун ишқи Ширин"
Бигуфто: "Чун зиям бе ҷони ширин?"
Бигуфт: "Ӯ они ман шуд, з - ӯ макун ёд"
Бигуфт: "Ин кай кунад бечора Фарҳод?"
Бигуфт: "Ар ман кунам дар вай нигоҳе?"
Бигуфт: "Офоқро сӯзам ба оҳе".
Чу оҷиз гашт Хусрав дар ҷавобаш,
Наёмад беш пурсидан савобаш.
Ба ёрон гуфт, к - аз хокиву обӣ,
Надидам кас бад - ин ҳозирҷавобӣ.
Ба зар дидам, ки бо вай барнаёям,
Чу зарраш нест, бо санг озмоям.
Кушод онгаҳ забон, чун теғи пӯлод,
Фиканд алмосро бар санг бунёд.
Ки - "Моро ҳаст кӯҳе бар гузаргоҳ,
Ки мушкил метавон кардан бад - ӯ роҳ.
Миёни кӯҳ роҳе канд бояд,
Чунон - омадшуди моро бишояд.
Бад - ин тадбир касро дастрас нест,
Ки кори тусту кори ҳеҷ кас нест.
Ба ҳаққи ҳурмаит Ширини дилбанд,
К - аз ин беҳтар надонам хӯрд савганд.
Ки бо ман сар бад - ин ҳоҷат дарорӣ,
Чу ҳоҷатмандам, ин ҳоҷат барорӣ".
Ҷавобаш дод марди оҳанинчанг,
Ки: - "Бардорам зи роҳи Хусрав ин санг.
Ба шарти он ки хидмат карда бошам,
Чунин шарте ба ҷо оварда бошам.
Дили Хусрав ризойи ман биҷӯяд,
Ба тарки шаккари ширин бигӯяд".
Чунон дар хашм шуд Хусрав зи Фарҳод,
Ки ҳалқаш хост озмудан ба пӯлод.
Дигар раҳ гуфт, аз ин шартам чӣ бок аст,
Ки санг аст он чӣ фармудам, на хок аст.
Агар санг аст, чун бояд буридан,
В - агар буррад. куҷо шояд кашидан.
Ба гармӣ гуфт. коре шарт кардам,
В - агар з - ин шарт баргардам, на мардам.
Миён дарбанду зӯри даст бикшой,
Бурун рав, дастбурди хеш бинмой.
чу бишнид ин сухан Фарҳоди бедил,
Нишони кӯҳ ҷуст аз шоҳи одил.
Ба кӯҳе кард Хусрав, раҳнамунаш,
Ки хонад ҳар кас акнун Бесутунаш.
Ба ҳукми он, ки санге буд хоро,
Ба сахтӣ рӯйи он санг ошкоро.
Зи даъвогоҳи Хусрав бо диле х(в)аш
Равон шуд кӯҳкан чун кӯҳи оташ.
Бар он кӯҳи камаркаш рафт чун бод,
Камар дар басту захми теша бикшод...
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 4490 | Комментарии: 1 | Теги: Достони Хусрав ва Ширин- НИЗОМИИ ГА | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru