Пятница, 29.03.2024, 09:37
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ДОСТОНИ "ВИС ВА РОМИН"-И ГУРГОНӢ
Вис ва Ромин

«Вис ва Ромин» достони пешазисломии форсу тоҷик буда, бо забони паҳлавӣ вуҷуд дошт, ки Фахриддини Гургонӣ дар соли 1054 ба риштаи назм даровард. Мегӯянд, ки ба эҷод намудани ин достони романтикӣ-ишқӣ Абдулфатҳ музаффар (ҳокими Исфаҳон) сабабгор шудааст. Мундариҷаи мухтасари достон чунин аст: Шоҳаншоҳи Марв – Мубад ба Шаҳрӯ ном зани нозанине ошиқ мешавад ва ӯро ба занӣ гирифтанӣ мешавад. Аммо Шаҳрӯ шавҳар ва Виру ном писар дошт, аз ин рӯ ба шоҳ аҳд мебандад, ки агар духтаре ёбад, ӯро ба шоҳ ба занӣ медиҳад. Шаҳрӯ духтардор мешавад ва номи ӯро Вис мегузоранд. Барои тарбия Висро ба доя месупоранд. Ромин ном писарбачае низ дар дасти ҳамин доя тарбия меёфт. Баъди он ки Вис ба воя мерасад, доя аз Шаҳрӯ хоҳиш мекунад, ки духтари қадрасро гирифта барад. Шаҳру Висро ба бародараш Виру ба шавҳар доданӣ мешавад, ки аз ин Мӯбад огоҳ шуда, аҳдро ёдовар мешавад. Модар фирефтаи боигарии шоҳ гардида Висро ба шоҳ доданӣ мешавад. 
Ромин, ки ошиқи дилбохтаи Вис буд, ишки худро изҳор карда, Висро моили худ месозад. Вис ва Ромин бо ҳам ишқварзӣ мекунанд, ки аз ин шоҳ огоҳ гашта, роҳи нобуд сохтани ҷавононро меҷӯяд. Онҳо аз шаҳр мегурезанд. Вале аз байн чандин воқеаҳо мегузарад ва ниҳоят шоҳ Висро ба занӣ мегирад. Вис пинҳонӣ бо Ромин мулоқот мекунад ва аз манзили шоҳ мегурезад. Дар шикоргоҳ Мубадаз ҳуҷуми хуки ваҳшӣ кушта мешавад. Ниҳоят дилдодагон ба муроди хеш мерасанд ва Ромин шоҳи Марв мегардад. 
Пас аз вафоти Вис Ромин тахти шоҳиро ба фарзандонаш гузошта худ ба оташгоҳ меравад ва умрашро дар ибодат мегузаронад.


Дидани Ромин Висро ва ошиқ шудан бар вай

Чу равшан гашт шаҳро чашми уммед,
Зи пасто зӣ Хуросон бурд хуршед.
Ба роҳ андар ҳамешуд хурраму шод,
Ҷафоҳои ҷаҳонаш рафта аз ёд.
Зи руйи Виси бутпайкар аморӣ,
Ба роҳ андар чу пургавҳар саморӣ.
Чу боде бар аморӣ баргузаштӣ,
Ҷаҳон аз бӯйи ӯ хушбуй гаштӣ.
Ту гуфтӣ он амори гунбаде буд,
Зи муйи Вис андар анбаролуд.
Нигорида бад ӯ дар офтобе,
Фурӯ ҳишта бар ӯ зарин ниқобе.
Гаҳе тобанда аз вай Зӯҳраву Моҳ,
Гаҳе боранда мушки суда бар роҳ.
Гаҳе карда дар ӯ хубӣ гулафшон,
Занахдон гӯй карда, зулф чавгон.
Аморӣ буд чун фирдавси Яздон,
Аморидори ӯ фархунда ризвон.
Чу танг омад қазои осмонӣ,
Ки бар Ромин сарояд шодмонӣ.
Зи ишк андар дилаш оташ фурӯзад,
Бар оташ ақлу сабрашро бисӯзад.
Баромад тунд боди навбаҳорӣ,
Якояк парда бирбуд аз аморӣ.
Рухи Виса падид омад зи парда,
Дили Ромин шуд аз диданш бурда.
Ту гуфтӣ ҷодуе чеҳра намудаш,
Ба як дидор ҷон аз тан рабудаш.
Агар пайкони заҳролуд будӣ,
На захми у бад-ин сон зуд будӣ.
Куҷо чун дид Ромин рӯйи он моҳ,
Ту гуфтӣ хурд бар дил тир ногоҳ.
Зи пушти аспи кӯҳпайкар биафтод,
Чу барге, к-аз дарахташ бифканад бод.
Гирифта з-оташи дил мағзи сар ҷӯш,
Ҳам аз тан дил рамида, ҳам зи сар ҳуш.
Зи роҳи дида шуд ишқаш фурӯдил,
Аз он бистад ба як дидор аз ӯ дил.
Дарахти ошиқӣ руст аз равонаш,
Валекин гашт равшан дидагонаш.
Магар з-он кишт ӯро дида дар ҷон,
Ки ӯро зуд орад бор марҷон.
Замоне ҳамчунон буд уфтода,
Чу масте, масти беҳад хурда бода.
Рухи гулгунш гашта заъфаронгун,
Лаби майгунш гашта осмонгун.
Зи руяш рафта ранги зиндагонӣ,
Бар ӯ пайдо нишони меҳрубонӣ.
Далерон ҳам савору ҳам пиёда,
Зи лашкар гирди Ромин истода.
Ба дардаш карда хунолуд дида,
Умед аз ҷони ширинаш бурида.
Надонист ҳеҷ кас к-ӯро чӣ будаст,
Чӣ бад дидасту чӣ ранҷ озмудаст?
Ба дардаш ҳар касе хастаҷигар буд,
Ба зорӣ ҳар кӣ дидаш з-ӯ батар буд.
Забон баста, раг аз дида кушода,
Ниҳеби ошоқӣ дар дил фитода,
Чу лахте ҳуш боз омад ба ҷонаш,
Зи гавҳар чун садаф шуд дидагонаш.
Ду дасти хеш бар дида бимолид,
Зи шарми мардумон дигар нанолид.
Чунон омад гумони ҳар хирадманд,
Ки ӯро боди саръ аз пой афканд.
Чу бар бора нишаст озода Ромин,
Зи бас ғам талх будаш ҷон ширин.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 1338 | Комментарии: 2 | Теги: ДОСТОНИ ВИС ВА РОМИН-И ФАХРИДДИНИ Г | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru