Четверг, 28.03.2024, 17:36
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ФАХРИДДИНИ ГУРГОНӢ
Фахридин Асади Гургони яке аз достонсароёни намоёни форсу-точик буда,дар асри XI умр ба сар бурдааст. Соли тавалуди шоир маьлум нест. Аз мукаддимаи достони "Вис ва Ромин" бармеояд, ки у аз солхои 1037-1063 зиндаги кардааст. 
Аз эчодиёти щоир гайр аз маснавии "Bис ва Pомuн" чизе дигаре то ба даврии мо омада нарасидаасT. Тахмин меравад, ки шоир пас аз солхои 1063 мелоди {455-хичри}вафот кардааст.


Тарҷумаи ҳол
Фахриддин Асъади Гургонӣ шоири достонсарои асри XI тоҷику форс буда, ҷараёни зиндагии ў ба аҳди ҳукмронии асосгузори сулолаи Салҷуқиён Туғралбек (1040 – 1063) рост меояд. Дар бораи њаёти ў маълумоти дигаре боқӣ намондааст. 
Аз мутолиаи достони «Вис ва Ромин» ва қитъае, ки муаллифи «Лубобулалбоб» меоварад, маълум мешавад, ки Фањриддини Гургонӣ илмњои замони худро ба хубӣ аз бар намуда, дар намудњои гуногуни шеър қувваозмоӣ карда будааст. Аммо аз мероси адабии ў фақат достони «Вис ва Ромин» пурра то замони мо омада расидааст. Соли таълифи достони «Вис ва Ромин» маълум нест. Вале дар бораи муайян намудани ин масъала баъзе фикру ақидаҳо баён шудаанд. Тамоми фикрњои баёншуда дар асоси санаи таърихии аз тарафи султон Туғралбек забт карда шудани Исфаҳон (1042) ба вуҷуд омадаанд. Бинобар ин аксари тадқиқоткунандагон дар ҳудуди солҳои (1042-1063) навишта шудани «Вис ва Ромин»-ро қайд мекунанд. Баъдтар хоҳем дид, ки Фахриддини Гургонӣ батафсил дар бораи фатњ карда шудани Исфаҳон ва пас аз ду моњ баромада ба ҷониби Кўҳистону Ҳамадон рафтани Туғралбек таваққуф карда, илова бар ин, бо коре маҳз дар зимистони он сол ( 1042) дар Исфаҳон мондани худро нақл карда, сабаби назми китобро пурра баён менамояд Инчунин дар хотимаи маснави аз лутфу меҳрубониҳои Абулфатҳ ёдовари мекунад. Аз ин рў соли таълифи достони «Вис ва Ромин»–ро охири 1042 ва аввали 1043 шуморем, аз ҳақиқат дур нест. Аз эҷодиёти шоир ғайр аз маснавии «Вис ва Ромин» чизи дигаре то давраи мо омада нарасидааст. Тахмин меравад, ки шоир пас аз солҳои 1063 вафот кардааст.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 881 | Комментарии: 1 | Теги: ФАХРИДДИНИ ГУРГОНӢ, Тарҷумаи ҳол | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru