Пятница, 29.03.2024, 17:00
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ФАХРИДДИНИ ИРОҚӢ
Фахриддин Ироқӣ

Тарҷумаи ҳол

Фахриддин Иброхим бинни Шахриёр Ирокии Хамадони дар нимаи аввали асри ХIII зиндаги ва эчод карда, мувофики ахбороти сарчашмахо таваллуди у ба соли 604/1207 рост меояд. Зодгохи у шахри Хамадон буда, то синни 18-солаги дар он чо умр ба сар бурдааст. Баъдан Ироки ба мамлакатхои Миср, Сурия, Ирок саёхат намудааст. Дар бораи зиндагии у дар маъхазхо маълумоти сахех вучуд надорад. Бино ба гуфти мухаккикон у дар соли 688 хичри (1289 милоди) дар шахри Димишк вафот кардааст. 
Осори бокимондаи Ирокиро девони газалиёту рубоиёт ва хикоёт, маснавии хурде бо номи "Ушшокнома” ва китоби фалсафию ирфонии "Ламаот” ташкил медихад.


Аз қаcоид

Тараб, эй дил, ки навбахор омад, 
Аз сабо буи зулфи ёр омад. 
Хон назора, ки гул чамол намуд, 
Бин тамошо, ки навбахор омад. 
Ба тамошои богу сахро шав, 
Ки чаман хулди ошкор омад. 
Дар рухи гул чамоли ёр бубин, 
Ки гул аз ёр ёдгор омад, 
Аз сабо холи куи ёр бипурс, 
Ки сахаргох аз он диёр омад. 
Бар дари ёри мо гузашт насим, 
З-он гулафшону мушкбор омад, 
То сабо з-он чаман парешон шуд 
Чун ман аз заъф бекарор омад. 
Дид чун андалеб заъфи насим, 
Ба иёдат ба маргзор омад. 
Гул суи фохта ишорат кард, 
Бин навое, ки вакти кор омад. 
Булбул аз шавки гул чунон нолид, 
Ки гул аз вачд чонсупор омад. 
Хою хуе фитод дар гулзор, 
Нолаи ошикони зор омад 
Гул магар чилва мекунад дар бог, 
К-аз чаман нолаи хазор омад. 
Дурфишон мекунад гули садбарг, 
К-аш сабо душ дар канор омад. 
Гул зарафшон агар кунад,чи ачаб, 
К-аш шамолаш басе исор омад. 
Гул зар афшонд абр бар сари у, 
Сад хазорон гухар нисор омад. 
Гунча аз банди зар нашуд озод, 
З-он гирифтори захми хор омад. 
Шох, к-аз гунча дидае бардухт, 
Мезанадаш ки моядор омад. 
Нест озодае магар савсан, 
Ки на дар банди кору бор омад. 
Лоларо бидид бисухт бар наргис, 
Ки насибааш зи хумор омад. 
Абр бигрист бар гул аз паи он-к 
Аз хаво бар рухаш губор омад 
Шуд зи ёре чудо бунафша магар, 
Ки чунин вакт сугвор омад. 
Чомаи суг бар бунафша бидид, 
З-он магар лола дилфигор омад? 
Хуш бахорест нек он касро, 
К-аш лаби ёр майгусор омад. 
Хон Ироки туву насими бахор, 
К-аз сабо буи зулфи ёр омад.

АЗ ГАЗАЛИЁТ

Хар сахар сад нолаву зори кунам пеши сабо, 
То зи ман пайгоме орад бар сари куи шумо. 
Бод мепаймояму бар бод умре медихам, 
В-арна бар хоки дари ту рах кучо ёбад сабо. 
Чун надорам хамдаме, бо бод мегуям сухан, 
Чун наёбам мархаме, аз бод мечуям шифо. 
Оташи дил чун намегардад ба оби дида кам, 
Медихам боде бар оташ, то батар сузад маро. 
То магар хокистаре гардам, ба боде баршавам, 
Ворахам з-ин тангнои мехнатободи бало. 
Мурдану хоке шудан бехтар, ки бе ту зистан, 
Сухтан хуштар басе, к-аз руи ту гардам чудо. 
Худ надорад бе рухи ту зиндагони кимате, 
Зиндагони бе рухи ту марг бошад богро!

Рухи нигори маро хар замон дигар ранг аст, 
Ба зери хар хами муяш хазор найранг аст. 
Карашмае бикунад, сад хазор дил бибарад, 
Бад-ин сабаб дили ушшок дар чунон танг аст. 
Агар бишуд дилам аз даст, гу, бирав, ки маро, 
Ба чои дил сари зулфи нигор дар чанг аст. 
Аз он гахе, ки хароботие дилам бирабуд, 
Маро хавои хароботу бодаву чанг аст. 
Бад-ин сифат, ки манам аз шароби ишк хароб, 
Маро чи чои каромоту ном ё нанг аст? 
Биёр соки аз он май, ки согари уро, 
Зи акси чехраи ту хар замон дигар ранг аст. 
Бирез хуни Ирокиву ошти во кун, 
Ки ошти ба хама хол бехтар аз чанг аст.


Чуз дидани руи ту маро рои дигар нест, 
Чуз бар сари куи ту тамошои дигар нест. 
В-ин чони мани шефтаро чуз сари зулфат, 
Андар хама гети сари савдои дигар нест. 
Як лахза гамат аз дили ман менашавад дур, 
Гуй, ки гаматро чуз аз ин рои дигар нест. 
Як буса рабудам зи лабат, дил дигаре хост, 
Фармуд фироки ту, ки фармойи дигар нест. 
Хастанд туро чумла чахон, волаву шайдо, 
Лекин чу манат волаву шайдои дигар нест. 
Ушшоки ту гарчи хама ширинсуханонанд, 
Лекин чу Ирокет шакархои дигар нест.


Боз хачри ёр домонам гирифт, 
Боз дасти гам гиребонам гирифт. 
Чанг дар домони васлаш мезанам, 
Хачраш андар тохт домонам гирифт. 
Чон зи тан аз гусса берун хост шуд, 
Мехнат омад домани чонам гирифт. 
Дар чахон як дам набудам шодмон, 
З-он замон, к-андухи чононам гирифт. 
Оташи савдош ногах шуъла зад, 
Дар дили гамгини хайронам гирифт. 
То чи бад кардам, ки бад шуд холи ман, 
Хар чи кардам, окибат онам гирифт.


Биё, бие, ки насими бахор мегузарад, 
Бие, ки гул зи рухат шармсор мегузарад. 
Бие, ки вакти бахор асту мавсими шоди, 
Мадор мунтазирам, рузгор мегузарад. 
Зи рохи лутф ба сахро хиром як нафасе ,
Ки айш тоза кунам, чун бахор мегузарад.
Насими куи ту аз лутф мебарад хар дам, 
Гаме, ки бар дили ин чонфигор мегузарад. 
Зи чоми васли ту нохурда чуръае дили ман, 
Зи базми ишки ту дар сар хумор мегузарад. 
Сахаргахе, ки ба куи дилам гузар карди, 
Ба дида гуфт дилам, к-«Он нигор мегузарад». 
Чу дида кард назар сад хазор ошик дид, 
Ки наъра мезад хар як, ки - «Ёр мегузарад». 
Ба гуши чони Ироки расид овозе, 
«Аз он зи куи ту зору низор мегузарад».


Биё, к-ин дил сари хичрон надорад, 
Ба чуз васлат дигар дармон надорад. 
Ба васли худ диламро шод гардон, 
Ки хаста токати хичрон надорад. 
Биё, то пеши руи ту бимирам, 
Ки бе ту зиндагони он надорад. 
Чигуна бе ту битвон зист як дам, 
Ки бечон зистан имкон надорад. 
Бимурдам з-интизори рузи васлат, 
Шаби хичрон агар поён надорад. 
Биё, то руи хубатро бубинам, 
Ки мехр аз зарра рух пинхон надорад. 
Зи ман бипзир чоно, ним чоне, 
Агарчи кимате, чандон надорад. 
Чунон шуд, к-аз фирокат волаеро, 
Чунин саргаштаву хайрон надорад. 
Висолат то зи гам хунам бирезад, 
Ирокиро шабе мехмон надорад.


Аз иштиёки ту, чоно, дилам ба чон омад, 
Биё, ки бо гами ту барнаметавон омад. 
Биё, ки толиби ту мочаро накард хануз, 
Ба чои хиркаи дил дида дар миён омад. 
Ба чашми масти ту гуфтам: «Дилам кучо бурди?» 
Лабат бигуфт, ки: «Инак дилат ба чон омад». 
Бидид то назари ман ду новадони лабат, 
Басо, ки чашми маро об дар дахон омад. 
Наёяд аз ду чахон чуз рухи ту манзурам, 
Аз он гахе, ки маро чашм дар чахон омад, 
Зи рушноии руи ту дар шаби торик, 
Наметавон ба сари куи ту нихон омад.


Бикашам ба ноз рузе сари зулфи мушкрангаш, 
Надихам зи даст ин бор, агар оварам ба чангаш. 
Сари зулфи у бигирам, лаби лаъли у бибусам, 
Ба мурод агар натарсам зи ду чашми шуху шангаш. 
Чу набот мегудозам хама шаб дар оби дида, 
Ба умеди он ки ёбам шакар аз дахони тангаш. 
Биравам, зи чашми масташ назаре ба вом гирам. 
Ки бад-он назар бубинам рухи хуби лоларангаш. 
Чу камони абрувонаш фиканад хаданги гамза, 
Чи кунам, ки чон набозам сипар аз паи хадангаш? 
Зи лабаш итоб, ё раб, чи хуш аст сулхи у худ, 
Бинигар чи гуна бошад, ки чунин хуш аст чангаш. 
Дилам оинасту дар вай рухи у наменамояд, 
Нафасе бизан Ироки, бигузар зи ному нангаш.


Хезед, ошикон, нафаси шуру шар кунем, 
В-аз хобу ху чахон хама зеру забар кунем. 
Аз тоби сина оташе андар чигар занем, 
В-аз оби дида синаи тафсида тар кунем. 
Наъра зи чаври ишк барорем рузу шаб, 
Наъра зи дарди дил хама шаб то сахар кунем. 
То чанд чошнии мо хама аз хуни гам бувад, 
То кай вучухи шом зи хуни чигар кунем. 
Охе бароварем сахаргах зи сузи дил, 
В-ин бахти хуфтаро даме аз хоб баркунем. 
Зорикунон ба даргахи дилдори худ равем, 
Наъразанон ба пеши сарояш гузар кунем. 
Бошад, ки як нафас назаре суи мо кунад, 
В-аз дида он замон ба рухи у назар кунем. 
Он лахза аз Ироки шояд, ки ворахем, 
Гар з-у рахо шавем, сухан мухтасар кунем.


Хар замон чавре зи хубон мекашам, 
Хар нафас дарде зи даврон мекашам. 
Хуни дил хар дам дигаргун мехурам, 
Чони гам хар шаб дигарсон мекашам. 
Боз дасти гам гиребон мегирифт, 
Гарчи бар афлок доман мекашам. 
Чаври дилдору чафои рузгор, 
Гарчи душвор аст, осон мекашам. 
Аз паи ишки парирухсорае, 
Захмате, хар дам зи девон мекашам, 
Чавр бин, к-аз дасти дунон дам ба дам. 
Согари пурзахри хичрон мекашам, 
Чун нанолам аз чафои нокасон. 
К-ин хама бедод аз эшон мекашам, 
То набояд диданам руи ракиб. 
Хар нафас сар дар гиребон мекашам, 
Бо хаёли дуст хам дам мекашам. 
В-аз лаби у оби хайвон мекашам, 
Тан чу сузан кардаам, то рузу шаб. 
Мехри у дар риштаи чон мекашам, 
Нозанино, ноз кун бар чони ман. 
Нози ту чандон, ки битвон мекашам, 
Аз ту чизе дидаам ногуфтани. 
Ин хама мехнат паи он мекашам.


Аз рухи чонфизои ту гашта хучаста фоли ман, 
Боз намой рух, ки шуд бе ту табох холи ман. 
Ноз макун, ки мекунад чони ман орзуи ту, 
Ишва мадех, ки медихад хичри ту гушмоли ман. 
Рафт дилу намеравад орзуи ту аз дилам, 
Умр шуду намешавад накши ту аз хаёли ман 
З-орзуи чамоли ту нест маро зи худ хабар, 
Таъна зани, ки «Нести шефтаи чамоли ман». 
Боз магар, ки мекушад бе ту маро фироки ту, 
Чораи ман бикун, мачу бесабабе заволи ман. 
Бар сари хони васли ту мургсифат паридаме, 
Ох, агар насухти оташи хачр боли ман. 
Омадаме ба даргахат хар нафасе хазор бор, 
Гар на Ироки омади садди рахи висоли ман.


Мохруе, рух зи ман пинхон макун, 
Чашм аз хичрони худ гирьён макун. 
З-орзуи руи худ зорам мадор, 
В-аз фироки худ маро бечон макун. 
Аз мани мискин мабур якбораги, 
Ман надорам, токати хичрон, макун. 
Бекасеро бедилу бечон мадор, 
Муфлисеро бе сару сомон макун. 
Гар гунохе кардаам, аз ман бидон, 
Хештанро гу, маро нодон макун. 
Харчи он кас дар чахон бо кас накард, 
Бо мани бечора хар дам он макун. 
Бо Ирокии гариби хастадил, 
Хар чи аз чавру чафо битвон, макун.


Гар ба рухсори ту, эй дуст, назар доштаме, 
Назар аз руи хушат бахри чи бардоштаме. 
Чун мани бехабар аз дуст надорам хабаре, 
Боз аз бехабари, кош хабар доштаме. 
Дар миён омадиву чун сари зулфат бо ту, 
Аз сари зулфат агар хеч камар доштаме. 
Гар бидоди, чигарам, ваъдаи васлат, ман хам, 
Кай дилу дида пур аз хуни чигар доштаме. 
Гуфтиям сабр кун, аз сабр барояд корат, 
Кардаме сабр зи руи ту, агар доштаме. 
Худ кучо омади андар назарам оби равон, 
Дили гумгаштаи худ бори дигар ёфтаме, 
Гар зи рую лаби ту хеч насибам буди, 
Бахри бемории дил гул ба шакар доштаме. 
Гар Ироки набуди бандаи нури басарам, 
Бар рухи хуби ту хар лахза назар доштаме.


Эй зи гами фироки ту чони маро шикояте, 
Бар дари ту нишастаам мунтазири инояте, 
Гарчи бимирам аз гамат хам, накуни ба ман назар, 
В-ар хама хун куни дилам хам накунам шикояте, 
В-арна нисори ту кунам, чон набарам зи дасти ту, 
Нест аз он ки то абад ишки туро нихояте. 
Дил зи фирок гашт хун, чон ба лаб омад аз гамат, 
Рахматам ояд, ар кунам аз гами ту хикояте, 
Бар дари ман хавои ту чони азиз, эй дарег. 
Кушт маро чафои ту бе сабаби чинояте, 
Хаста Ироки они туст, дур макун зи даргахаш, 
То наравад фигонкунон аз ту ба хар вилояте.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 2002 | Комментарии: 1 | Теги: Тарҷумаи ҳол, ФАХРИДДИНИ ИРОҚӢ | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru