Среда, 24.04.2024, 22:08
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ИСМАТИ БУХОРОӢ
Исмати Бухороӣ

Исмати Бухороӣ ё Исматуллоҳи Бухорӣ шоири форсу-тоҷик бештар бо номи Хоҷа Исмат машҳур. Дар Бухоро таҳсили илм кардааст. Дар замони салтанати султон Халили Темурӣ ба хидмати дарбор даъват шуда, вале ба зудӣ аз хизмати дарбор рӯй тофтааст.

Тарҷумаи ҳол

Ҳоҷа Исматуллоҳ дар байни солҳои 1365-1374 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Исмати Бухороӣ шоири форсу-тоҷик буда, дар замони худ бештар бо номи Ҳоҷа Исмат машҳур будааст.

Аз хурдӣ ба омӯзиши илм рағбат зоҳир карда, дар Бухоро таҳсили илм намудааст. Дар замони салтанати султон Халили Темурӣ ба хидмати дарбор ба Самарқанд даъват шуда, вале ба зудӣ аз хидмати дарбор рӯй тофтааст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо аз уламои номдори замони худ буда, махсусан дар илми шеър маҳорати баланд доштааст.

Мероси адабии Исмати Бухороӣ ақидаҳои сиёсию иҷтимоӣ, афкори тарбиявию ахлоқӣ, танқиди рӯҳониёни мутаассиб, мазмунҳои ошиқонаю ҳаётдӯстонаро фаро гирифтааст. Ақидаҳои иҷтимоии шоир асосан аз масъалаҳои муносибати ӯ бо ҳаёт, муҳити зиндагӣ, тартиботи ҷамъият, аҳли ҷоҳу мансаб, шиква аз бенавоию қашшоқӣ иборатанд.

Мундариҷаи баъзе абъёти панду ахлоқии шоир имрӯз ҳам аҳамияташро гум накардааст. Вай дар ин қабили ашъор инсонҳоро ба инсондӯстӣ, қадршиносӣ, устувор будан дар сари мақсад, меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ, ғанимат шумурдани умр ва дар роҳи хайр сарф кардани он даъват мекунад. Ақидаҳои ҳаётдӯстонаи Исмати Бухороӣ бештар хусусияти тарғиботӣ дошта, вай аз дунёи моддӣ баҳравар гардиданро таъкид кардааст. Шоир ин нуқтаро бештар дар зимни тавсифи маю маъшуқа ифода карда, ишқу муҳаббати поки инсон, маи гулгун, мусиқию рақс, шодию тараб тасвир кардааст.


Биёр бода, ки фасли баҳор меояд,
Зи гулрухони чаман бӯи ёр меояд.
Магар зи ҷоми май аст обхӯрди хоки чаман,
Ки лола медамаду гул ба бор меояд.
Бунафша бо сари зулфи ту лофи хубӣ зад,
Кунун зи гуфтаи худ шармсор меояд.
Ба сӯи ҳалқаи зулфат зи бӯстон ҳар шаб,
Сабо ҳаме раваду мушкбор меояд.
Бар он салосили мушкин магар гузашт насим,
Ки боз шефтаву беқарор меояд.
Ҳадиси оби ҳаёти лаби ту мегӯям,
Ки гавҳари Суханам обдор меояд.
Чу баҳр хотири ту мавҷ мезанад Исмат,
Сафинаҳои дурат бар канор меояд.


Исмати Бухороӣ умри худро бештар дар шаҳри Бухоро гузаронидааст. Баъд аз исёни феодалҳо дар оворагӣ буд. Ҳокими нави Бухоро Улуғбек Исматро дубора ба хизмати дарбор даъват намуд, вале Исмат ин таклифро қабул накарда, гӯшанишинӣ ва дар миёни дарвешон буданро авло донистааст. Дар натиҷа Исмати Бухороӣ дар байни мардуми оддию заҳматкаш обрӯю эътибор, шӯҳрати тамом пайдо кард. Исмати Бухороӣ дар ҷаҳонбинии суфия ва дар ақидаи иҷтимоӣ адолатхоҳ буда, баъд аз тарки дарбор пурра ба ҳаёти суфиёна гузашта, олами дарвешию фақириро бар олами подшоҳону золимон муқобил гузоштааст. Эътирозҳои зиддифеодалии Исмати Бухороӣ на танҳо дар масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, балки дар афкору ақидаи ӯ низ зоҳир гаштааст. Исмати Бухороӣ соли 1426 дар шаҳри Бухоро аз олам гузашт.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 1162 | Комментарии: 1 | Теги: ИСМАТИ БУХОРОӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru