Четверг, 28.03.2024, 12:11
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

МЕРОСИ ИЛМИЮ АДАБИИ БИНОӢ
Мероси илмию адабии шоир

Бинои чи дар назму чи дар наср ба мо аз худ мероси бойе гузоштааст. Асархои «Шайбонинома» ва «Футухоти хони». 
Ин ду асар, асархои таърихи буда, барои равшан намудани бисёр масъалахои таърихи ба муаррихони имруза кумаки калон мерасонад. Касидаи шоир «Мачмаулгароиб», ки соли 1498 навишта шуда, аз 501 байт иборат аст, фазилатхои хуб, донишу истеъдоди баланди Алишер Навоиро ситоиш намудааст:

Бинои дар тарики шеър мерафт аз паи Хусрав, 
Ки дар тарзи газал хамрох шуд тарзи Хасан бо у.

Достони «Бехрузу Бахром» дар муддати 10 сол навишта шудааст ва 7702 байтро дар бар мегирад. Адиб ба мукобили хама гуна беадолатихо муборизаи беамон бурда, инсони покро ситоиш намуд. Одамонро ба илмомузи, накукори, пархезкори, поквичдони хидоят кард, ки имруз хам фикрхои тарбияви- ахлокии шоир кимати худро гум накардаанд.

Хар китобе, ки буд дар ахлок,

Чустан аз хар ки буд дар офок.

Бар сару пои он кутуб гаштам,

Бар баду неки халк бигзаштам,

Чамъ кардам фавоид аз хад беш,

Бар гирифтам тарики максади хеш.

Касди он доштам, ки ин максад,

Сар зи гайб овард ба чайби шухуд?

Турфа бадре ачаб зухур кунад,

Зулмат аз коинот дур кунад.

Сар барорам чу абри найсони…

Ки чу махсули ман ба рафъ расад,

Хушачин аз у ба нафъ расад.

Аз ғазалиёт

З-он меравам зи куяш маст аз шаробхона, 
То вақти бехудиҳо мастӣ бувад баҳона. 
Дар хоб шуд чу гуфтам бо ӯ фасонаи ғам, 
З-он рӯ, ки ҳаст ӯро ғамҳои ман фасона. 
Берун мабар зи куяш, эй зоғ устухонам, 
Шояд хаданги ӯро рӯзе шавад нишона. 
Мебуд мардумонро аз заҳри чашм роҳат, 
Гар чашми ӯ намешуд, сарфитнаи замона, 
Лутфат ба дигарон аст, қаҳри ту бо Биноӣ, 
Инро, ки бо ту гуфтам, худ гӯӣ, ҳаст ё на?


Эй чашми маро дода гули руи ту обе, 
Гесуи ту дар гардани ҷон карда танобе, 
Бикшо гираҳ аз кокули мушкин, ки кушояд, 
Аз риштаи ҷони мани савдозада тобе. 
Имрӯз туӣ ганҷи малоҳат, ки туро ҳаст, 
Ҳамчун мани вайроншуда ҳар гӯша харобе. 
Аз чеҳра давидаст арақ бар лаби лаълат, 
Ё шарбати қанд аст, муаттар ба гулобе? 
Шарманда шуд аз рӯйи ту шамъ, аз пайи он баст, 
Бар рӯйи худ аз пардаи фонус ниқобе. 
Дорам чу Биноӣ қадаҳи дида пур аз хун, 
К-аз чашми ту дорад ҳаваси бодаи нобе.


Аз достони «Беҳрӯз ва Баҳром»

Дар таърифи Гулчеҳр, ки чун сипеҳри ягонаи офоқ буд

Модари он арӯси некахтар, 
Дод з-ин гунна зинати духтар. 
Ки бағоят расид чун Гулчеҳр, 
Ғайрати моҳ гашту ҳасрати меҳр. 
Чун расид он парӣ ба чордаҳ сол, 
Гашт чун моҳи чордаҳ ба камол. 
Ғуррае ҳамчу сими хом ӯро, 
Туррае ҳамчу «ҷим»-у «лом» ӯро, 
Ғурра чун чеҳраи суман дилҷӯй, 
Турра чун нофаи Хутан хушбӯй. 
Даст бар офтоб агар меёфт, 
Панҷаи офтоб барметофт. 
Дода гесӯш мушкро дар тоб, 
Шуда з-он тоб мушки соро ноб. 
Буд бар фарқи мӯйи ӯ меъҷар, 
Шабнами хушк бар бунафшаи тар. 
Оби софе тани чу мармари ӯ, 
Мавҷи он оби Чин меъҷари ӯ. 
Меъраҷаш чун муҷарра гардунсой 
Гавҳараш чун ситора ройнамой,
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 1891 | Комментарии: 2 | Теги: МЕРОСИ ИЛМИЮ АДАБИИ БИНОӢ | Рейтинг: 3.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru