Четверг, 25.04.2024, 00:34
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ
Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз, ки даҳҳо адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. Сабаби "Ҳофиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард.

Бобои Ҳофиз, ки аз Купо ном музофоти Исфаҳон буд, ҳангоми ҷавонии падари Ҳофиз ба Шероз мекӯчад ва дар он ҷо иқомат ихтиёр мекунад. Падари Ҳофиз, ки Баҳоуддин ном дошт, дар Шероз ба касби тиҷорат машғул буд. Модари ӯ аз аҳли Козрун буд. Зиндагии осоишта дар хонадони Ҳофиз дер напоид. Ҳанӯз дар вақти тифл будани Ҳофиз падари ҷавони ӯ аз олам гузашт. Аз ӯ чанд фарзанди хурдсол ятим монданд. Дар андак вақт мероси гузоштаи падари Ҳофиз тамом шуд. Бародарои у ба ҷустуҷӯи луқмаи ноне ба ҳар тараф рафтанд. Ҳофиз, ки дар байни онҳо аз ҳама хурд буд, бо модараш дар Шероз монд. Модар фарзанди худро аз хӯроку пӯшок таъмин карда натавониста, ӯро ба дари сарватманде ба хидмат дод. Ҳофиз баъд аз чанде ба хидмати нонвоӣ ба шогирдӣ истод ва касби хамиргариро пешаи худ сохт. Касби Ҳофизи хурдсол басе вазнин ва оқатфарсо буд. Ӯ аз нимаи шаб то субҳ хамир мекард ва музди ба даст овардаашро ба чаҳор ҳисса тақсим мекард; як ҳиссаи онро ба модараш медод, як ҳиссаро худаш сарф мекард ва як ҳиссаи дигарро ба мактабдор дода, рӯзона дар мактаби ӯ мехонд. Чоряки боқимондаро ба бечорагон хайр мекард. Дар мактаб Ҳофиз истеъдоди фавқулоддаи фитри зоҳир намуда, Қуръонро зуд аз ёд кард ва хондану навиштанро низ ба хубӣ омӯхт. Дар маҳаллае, ки Ҳофиз мезист, дӯконе буд, ки онҷо аҳли адаб ҷамъ шуда, муошира ва базми сухан меоростанд. Ҳофиз низ гоҳ-гоҳе аз он маҳфил файз гирифта, ба машқи шеър оғоз кард. Лекин бештари вақти ӯ ба андухтани илм сарф шуда, Ҳофиз дар баробари мустақилона омӯхтани мероси форсизабонон забону адабиёти араб, ҳадису фиқҳ, ҳандасаву нуҷум ва Қуръонро бо ҷидду ҷаҳд омӯхта, дар андак замоне ҳамчун олим машҳур шуд. Ӯ ҳатто ба китоби машҳури ‘’Тафсири кашшоф’’ шарҳ навишт. Ҳофиз ҷое ба омӯзиши улум ишора карда мегуяд:

Илму фазле, ки ба чанд сол дилам ҷамъ овард
Тарсам он наргиси мастона ба яғмо бибарад

Аз ишораҳои худи у муҳаққиқони гузашта ва имрӯза пай бурдаанд, ки ӯ соҳиби зану фарзанд будааст. Ба қавли муаллифи тазкираи «Хизонаи Омира» Ғуломалихони Озод, фарзанди калони Хофиз, ки Шоҳнуъмон ном доштааст, дар фавт карда будааст. Фарзанди дигари ӯ дар кӯдакӣ аз олам гузаштааст. Инчунин аз ашъори Ҳофиз маълум мешавад, ки ёри зизаш ҳам ӯро танҳо гузошта, оламро хеле пеш аз ӯ падруд гуфта будааст. Бар замми махрумиятҳои оилавӣ ва шахсӣ Ҳофиз аз замонаи шум низ азиятҳои зиёд мекашид. Хофиз дар замоне хаёт ба сар мебурд, ки задухурдхои пайдарпаи хокимони махалли мамлакатро хароб ва мардумро хонавайрон мекарданд.

Дар баробари нооромии замон, задухурдҳои ашрофзодагон, қатлу ғорати бегонагон аҳволи зиндагии Ҳофиз ҳам, бешубҳа тоқатфарсо буд. Махсусан ҳокимону давлатмандони Шероз ба қадри сухани Ҳофиз намерасиданд. Аз ҳамин ҷиҳат шоири бузургвор шиквахо мекард.

Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.

Бо вуҷуди ин қадар парешони Хофиз шабу руз кор мекард, шеър мегуфт. Газалхои намакини у дар саросари кишварҳое, ки забони точики – форсиро медонистанд, гулгулахо меафганд ва ба кавли Давлатшохи Самарқандӣ дар хама чо макбули дилу хавоси мардуми авом мегардид. Мураттиби номаълуми девони Хофиз низ пас аз андаки вафоти у хабар медихад, ки шеъри Хофиз бо тамоми чалол ва шукух дар андак муддате ба аксои Туркистон, Хиндустон, Ирок, Озарбойчон расида, газалхои шурангези у чунон маъкули хосу ом гашта буд, ки мачлисе бе нукли сухани завкомези у равнак намеёфт. Худи Хофиз низ шухрати ашъори шурангези худро чунин тасвир менамояд:

Ба шеъри Хофизи Шероз мегуянду мераксанд,
Сиёхчашмони кашмирию туркони самарканди.
Ироку Порс гирифти ба шеъри хуш Хофиз,
Биё, ки навбати Багдоду вакти Табрез аст.

Овозаи Хофизро шунида, хокимони гуногун аз Хиндустону Ирок мехоханд, ки Хофиз дар дарбори онхо хидмат кунад. Уро бо ин максад даъват мекунанд. Чунончи, дар замони Муборизиддин, ки ахволи Хофиз дар Шероз табох буд, Султон Увайс уро ба Багдод даъват мекунад. Дере нагузашта бародари у Султон Ахмад Султон Увайсро кушта, дар соли 1382 ба тахт нишаст. У низ хост, ки Хофизро ба дарбори худ чалб намояд. Вале Хофиз аз Порс ба чониби Багдод рагбат накард ва ба хушкпораи нони ватани худ каноат намуда, онро аз шахди шахрхои гариби боло мегузошт. Хофиз Шерозро басе дуст медошт ва ба он ифтихор мекард. Аз ин ру, ба сахтиву зори хам бошад, зиндагии Хофиз асосан дар Шероз гузаштааст ва дар тамоми умри худ ду бор ба Язд, як бор ба Исфахону Хурмуз ба сафар баромадани уро мухаккикон тахмин мекунанд. Вафоти Хофиз дар соли 1390 мелоди вокеъ гардидааст. Харчанд Хофиз вафот кардааст, вале каломи шурангезу ашъори диловезаш хазорон шуридагону ошикони сухани форсиро тасхир намудаву барои хамешаги симои уро дар дилу дидаи дилбохтагон ва хаводоронаш зинда медорад.

Биё, то гул барафшонему май дар согар андозем,
Фалакро сакф бишкофему тархи нав дарандозем.
Агар гам лаккар ангезад, ки хуни ошикон резад,
Ману соки ба хам созему бунёдаш барандозем.
Чу дар даст аст руде худ, бизан мутриб, суруде хуш,
Ки дастафшон газал хонему покубон сар андозем.

Шухрати ҷаҳонии Ҳофиз

Хофиз бузургтарин шоири газалсарои точик буда, дар таърихи адабиети форсу точик макоми баланд дорад. Осори Хофиз асрхо инчониб дар сарзамини Эрону Ҳиндустон, Афғонистон ва Осиёи Миёна шухрат пайдо карда, дар дили хазорон пайравону муштоконаш чой гирифтааст. Номи баланди Хофиз аз худуди ватани худ – Эрон гузашта дар тамоми дуне машхур шуд. Вай дар замоне, ки дар хаёти сиёси ва ичтимоии Эрону Мовароуннахр бисёр вокеа ва ходисахои ногувор руй медоданд умр ба сар бурда ва бо калами сехрангези худ хама беадолатию мардумфиреби, чахлу гурури табакахои хукумрони чамъиятро фош мекард, Ахамияти каломи шурангези Хофиз ва сирри шухрати шоири бузург дар ин аст, ки маъни ва мазмунхои баланди назари, панду хикматро бо суханхои ширин баён кардаву ба хар мавзуъ аз равзанаи ишк менигарад. Умуман Хофиз дар эчод намудани шеър монанди як наккоши мохир хар як маъниро бо рангхои зебо оро дода, маъни ва мазмуни шеърашро дилнишин намудааст. Аз ин чихат Хофиз хам монанди бисёр шоирони гузашта дар бораи шеъри худаш меболад.

Дар китобхонахои машхури дунё, нусхахои девони Хофиз дар катори пурарзиштарин осори инсоният махфузанд

Намунаи газалиёти Хофизи Шерози дар Хиндустон ва Арабистон, Туркия, Озарбойчон, Осиёи Миёна, Россия, Олмону Ингилистон ва гайра нашр ва тарчума гардидаанд. Бисёре аз шоирони газалсаро, чун К. Хучанди, Хилоли, Фузули, Навои, Чоми, ва гайрахо аз газалхои у илхом гирифта ва дар пайравии ашъори чахоншумулаш эчод кардаанд. Шоирон ва мутафаккирони Аврупо низ ашъору афкори Хофизро таклид карда, аз ашъори дилнишини у бахра ёфтанд. Ба хамин тарик, шухрати Хофиз аз доираи мамлакати худ берун баромада, ба тамоми Шарку Гарб пахн гардида, дар катори бузургтарин шоирони дуне макоми арчманде гирифтааст. Яъне Хофиз яке аз он шоиронест, ки хусусиятхои бисёр нозук ва латифи забони дари – порсиро медонист. Дар таракки ва хусну латофати ин забон хизматхои такдиршавандае кардааст, дар ашъори у садхо таркиб ва иборахои нав во мехурад.

Хофиз дар газалхои чонгудози худ пеш аз хама ишкро тараннум карда, онро чун ёдгори бемунтахои инсоният ба калам додаст. Осори Хофиз ба катори дастовардхои тамаддуни чахон дохил шудааст ва аз ин ру, хамчун яке аз бузургтарин шоири лириканависи беназир шухрати чахони дорад. Хофиз ва шахсияти ин сухансарои номи диккати бисёр бузургони чахонро ба худ чалб кардааст. Бисёре аз устодони назм аз ангезаи шигифтангези газалиёти Хофиз бахравар шудаанд ва дар ситоишу васфи каломи шурангези у таассуроти хешро баён кардаанд. Бузургтарин намояндаи адабиёти чахонӣ шоири немиси асри XIX Гёте андешахои худро доир ба ашъори ин шоири тавоно ва илхомбахш, пас аз ошнои пайдо карданаш бо эчодиёти Хофиз навиштааст: 
"Эй Хофиз , сухани ту хамчун абадият бузург аст , зеро онро огоз ва анчом нест . Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишотӣ, ки аз он хар лахза мавче аз паси мавчи дигар берун метароват».
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 4077 | Теги: ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ | Рейтинг: 3.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru