Среда, 24.04.2024, 04:15
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 6
Гостей: 6
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

Умари Хайём


Умари Хайём (форсӣ: عمر خیام) - шоири адабиёти классикии форсу тоҷик. Бар замми ин ӯ риёзидон ва астрономи бузург низ мебошад. Умари Хайёмро дар адабиёти ҷаҳон рубоиёташ машҳур гардонидааст.

Тарҷумаи ҳол

Хайём дар кўдакӣ бо Низомулмулк ва Ҳасани Саббоҳ ҳаммадраса будааст. Аз руи толеъномаи Умари Хайём хисоб карда шудааст, ки у 18 майи соли 1048 дар шахри Нишопур таваллуд шудааст. Нишопур яке аз шахрхои асосии саньати Эрон буда, дар вилояти Хуросон чойгир шудааст. Солхои кудаки ва наврасии Умари Хайём (1048-1066 с.) дар Нишопур гузаштааст. Умари Хайём аввал дар мадрасаи Нишопур, ки дар он вакт шухрати калон дошт, машгули илм гашта ва баьдан тахсили худро (1066-1047с.) дар Балх, Самарканд ва Бухоро давом додааст. Умари Хайём илмхои дакик, аз чумла алчабр, хандаса, хайъат, астрономия ва фалсафаро ба хуби омухтааст. Куръон, таьрих, хукукшиноси ва гайрахоро аз бар намуда, забони араби ва адабиёти арабиро хуби медонист. Махорати шеьрнависии баланд дошт. Умари Хайём астрология ва тибро низ омухта, аз нозукихои санъати мусики низ огахи доштааст. У асархои файласуфони кадими Архимед, Евклид, Аристотелро ба забони араби тарчума намудааст. Хайём Курьонро на факат аз ёд медонист, балки хар як ояти онро эзох дода метавонист. Яке аз самтхои асосии фаъолияти у дар сохаи такмил ва ривочи масъалахои математики зохир мешавад. Ихтирои аввалини у дар 25 солаги сурат гирифта буд. Дастоварди илмиаш «Трактат» дар бораи илми алчабр ва алмукабала, ки дар Самарканд таълиф намуда буд, номи Умари Хайёмро хамчун олим шухрат бахшид. Фаъолияти илмии Умари Хайём дар Бухоро (дар дарбори шахзодаи Хокон Шамс Алмулк ) огоз меёбад. Соли 1074 Умари Хайём ба дарбори шох Малик, ки дар шахри Исфахон аст, даъват карда шуда буд. Умари Хайёмро барои идора кардани обсерваторияи дарбор даъват карда буданд. Дар давоми 5 сол Умари Хайём бо хамрохии олимони дарбор дар обсерватория назорат бурданд ва мохи марти соли 1079 таквими нав ихтироъ карданд, ки аз таквими пешина 7 сония аниктар буд. Дар Исфахон дар дарбори шох Малик Умари Хайём бо математика шугл меварзид. Дар охири соли 1077 рисолаи илмиашро аз геометрия ба охир расонд. Соли 1080 аввалин рисолаи фалсафии Умари Хайём доир ба мохияти умр ва хаёт таълиф гардид. Соли 1092 баъди фавти шох Малик лахзахои осоиштаи умри Умари Хайём хам ба охир расид. Дар дарбори Турканхотун зани шох Малик Умари Хайём ягон дастгири намедид. Обсерватория пушида шуд. Пойтахти давлат аз Хуросон ба шахри Марв кучонида шуд. Умари Хайём ба Нишопур баргашт ва дар он чо то охири умри худ зиндагони кард. Хайём дар мадрасаи Нишопур машгули мударриси гардид. Дар он чо хам корхои илмии худро давом дода, Рисола «Дар бораи саньати муайян кардани микдори тилло ва нукра дар моеъхо»-ро навиштааст. Солхои охири хаёти Умари Хайём бисёр хам вазнин буданд. Умари Хаём на танхо чун олим ва файласуфи тавоно, балки хамчун шоири озодандеш ва дакикбаён дар миёни мардум ва ахли сухан шухрат ёфта буд. Бино ба маълумоти сарчашмахо Умари Хайём дар пиронсолаги ба зиёрати Маккаву Мадина мушарраф гаштааст. Баъди бозгашт аз хач дар яке аз дехахои Нишопур чой гирифта, то охири умр он чо мондааст. Аз руи маълумоти маъхазхои адабии асрхои миёна Умари Хайём оиладор набуда, фарзанд надоштааст. Хайём зиндагии факирона гузаронида, чоруми декабри соли 1131 аз олам чашм мепушад. Холо маркади Умари Хайём аз зеботарин мавзеъхо дар Нишопур ба хисоб рафта, зиёратгохи ахли хунар ва дустдорону алокамандони шеъри порси ва каломи мавзун мебошад. Дар сари кабри шоир макбарае барчост, ки хамеша гулафшону озода аст.

Дар солҳои ҷавонӣ шоир вақти худро бештар 6а омӯхтани илмҳои ҳандаса, тиб, фалсафа, риёзиёт, адабиёт ва ғайраҳо сарф кардааст,

Шоир соли 1095 ба Арабистон меравад. Соли 1112 6а ватанаш — Нишопур баргашта, соли 1131 вафот кардааст.

Фаъолияти илмӣ

Хайём олими барҷаста ва ҳакиме ошно ба дину фалсафа буд. Ӯ дар осори мансури худ шинохти табиат ва алоқаи табиатро бо дину дунё матраҳ месозад. Таълифоти вай зиёд нест ва аз чанд рисола иборат аст. Аз ҷумла рисолае дар алгебра, рисолае дар вуҷуд, мухтасаре дар табииёт, рисолаи "Лавозиму-л-амкина”, рисола дар кавну таклиф, "Наврўзнома” ва теъдоди дигар, ки баъзе аз ин расоилро мансуб ба ў донистаанд. Дар тартиб додани Зиҷи Маликшоҳӣ низ Хайём нақши бузурге доштааст.

"Мушкилоталхисоб(Мушкилоти арифметика)”, Асари арифметики, соли 1066-1074 навишта шудааст ва он ёфт нашудааст.

"Рисола фил барахин ала масайил алчабр вал мукобила (асар оиди хал намудани масъалахои алгебра”, асари илми алгебра, соли 1069 навишта шудааст, холо дастхатхо дар Париж, Лейден, Лондон, Ню-Йорк мебошанд.

Мероси адабӣ

Аз мероси адабии Хайём, ғайр аз таълифоти илмиаш боз шеърҳои ба ду забон навиштаи ӯ боқӣ мондаанд. Аз шеърҳои ба забони арабӣ навиштаи шоир фақат 5 қитъа то давраи мо омада расидаанд. Аз шеърҳои тоҷикиаш бошад, дар баъзе маъхазҳо 172 ва дар баъзеи дигар 252 рубоӣ зикр ёфтааст.

Ба Хайём асарҳои назарияи мусиқӣ, физика, ҷуғгрофия ва ҷадвалҳои астрономӣ низ тааллуқ доранд. Ҳамчунин дар соҳаи тиб дастовардҳои илмӣ ва назарии ӯро низ дар назар бояд дошт, ки қисман дар «Наврӯзнома» зикр гаштааст. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик номи Умари Хайём бо инкишоф ва ривоҷи анъанаи рубоисароӣ сахт тавъам аст. Бо баробари таълифи осори илмӣ, ӯ ҳамчун шоири маҳбуб ва рубоисарои беҳамто шӯҳрат ёфта, дар эҷоди жанри хурди лирикӣ тавонотарин шоир махсуб мегардад. Мавзӯи рубоиёти Хайём гуногун буда, аксаран афкори фалсафӣ ва мушоҳидаҳои ӯро нисбати ҳаёт ва иҷтимоъ дар бар мегиранд

 

Бар кузагаре парер кардам гузаре,

Аз хок хаменамуд хар дам хунаре,

Ман дидам, агар надид хар бебасаре,

Хоки падарон бар кафи хар кузагаре.

Масъалаи ишқу ошиқи ва ҳаётдустиву баҳравар гаштан аз неъматҳои дунё дар рубоиёти Хайём мақоми воло доранд. Хайём хар лаҳза ва ҳар соати умрро ғанимат мешуморад ва барои хушу гуворо гузаронидани умр такозо менамояд:

 

Гар як нафасат зи зиндагони гузарад,

Магзор, ки чуз ба шодмони гузарад.

Зинхор, ки сармояи ин умри чахон,

Умр аст, бад-он сон гузарони, гузарад.

*****************************************************

Рузе, ки гузаштааст, аз у ёд макун,

Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.

Аз н-омадаву гузашта фарёд макун,

Холи хуш бошу умр барбод макун.

 

Шоир якумр дар орзуи чомеаи хаёли ва афсонавие буд, ки дар он хама мардумон шодком бошанд ва гаму андух яксара аз олам бардошта гардад. Дунёи идеали, ки у тасаввур мекард, танхо аз хушбахтиву нишот иборат буда, ноадолативу бебарорихо дар он чой надошт. Дар ин рубоии Хайём орзуву ормони тамоми мардумони руи олам тачассум ёфтаанд:

 Гар даст бар лавхи казо доштаме,

Бар майлу муроди хеш бингоштаме.

Гамро зи чахон яксара бардоштаме,

В-аз шодди сар бар чарх афроштаме.

Дар рубоихои Хайём маънои мачози низ вучуд дорад, ки онро хонанда метавонад ба тарзи худ фахмад: ин мухаббат нисбати Офаридгор ва мехри бепоён нисбати инсон аст.

 

Аз сирри нухуфтаат хабар хохам кард,

В-онро ба ду харф мухтасар хохам кард.

Бо ишки ту дар хок фуру хохам шуд

В-аз мехри ту сар зи хок бар хохам кард.

 Инсон ба Кахкашон шабохат дорад, имкониятхои у ба мисли сипехр бепоён аст:

 

 Моем, ки асли шодиву кони гамем,

Сармояи додему ниходи ситамем,

Пастеву баландему камолему камем,

Оинаи зангхурдаву чоми Ҷамем.

Дар нихояти сухан гуфтанием, ки тамоми рубоиёти Умари Хайём нишони ифтихор нисбати кувваи бузурги инсон ва муборизаи у алайхи беадалотихост:

 

Гар бар фалакам даст буди чун Яздон.

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён,

В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расиди осон.

Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (30.10.2012)
Просмотров: 7282 | Комментарии: 1 | Теги: УМАРИ ХАЙЁМ | Рейтинг: 3.5/4
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru