Среда, 15.05.2024, 17:26
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2408
Статистика

Онлайн всего: 7
Гостей: 7
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

В категории материалов: 108
Показано материалов: 41-50
Страницы: « 1 2 3 4 5 6 7 ... 10 11 »

Сортировать по: Дате · Названию · Рейтингу · Комментариям · Просмотрам
Оре, зан беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноии модар касро зинату самар, симу зар, болу пар ва шаҳду армон мебахшад....
Иншо | Просмотров: 1730 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

Пешрафти давлатро бе сохтмонҳои азим тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Давлатҳои тараққикарда дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Ҳангоми мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон яке аз давлатҳои қафомонда ба шумор мерафт, соҳаи саноат инкишоф наёфта буд. Маскав аз сохтани иншоотҳои азим дар ин ҷумҳурӣ дурӣ меҷуст. Дар даврони Шӯравӣ сохтани Нақби Анзоб ва нерӯгоҳи барқии Роғун ба нақша гирифта шуда буданд, вале бо ҳар баҳона оғози кор ба қафо партофта мешуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ба  вилояти Суғд қариб шаш моҳ роҳи автомобилгард баста мешуд. Рафтуомад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ душвор буд. Интиқоли бор аз Кӯлоб ба Қурғонтеппа мушкилӣ дошт. Мардуми ин минтақа ба роҳи оҳан ниёз доштанд. Вазъи роҳҳои водии Рашт низ дилсардкунанда буданд. Ҳамаи ин масъалаҳо доғи рӯз ба ҳисоб мерафтанд, вале дар ҳалли ин мушкилот кӯшише ба харҷ дода намешуд....
Иншо | Просмотров: 835 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

Дар «Қуръон»-и маҷид аввалин сухане, ки ба инсоният аз ҷониби Худованди бузург гуфта шуд, ин калимаи «бихон» мебошад. Ин ҷой ҳикмате нуҳуфта аст, ки арзишашро бо моли ҷаҳон наметавон бар кашид. Маҳз тавассути хондану омӯхтан пешрафт ба амал меояд. Илму дониш моро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Чашми шахси хирадманд ҳақбин мебошад, дӯстро аз душман фарқ мекунад, дар зиндагӣ ба қадри хубиҳо мерасад....
Иншо | Просмотров: 1606 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақи шодиву барор оварад.
Сулҳ диҳад шаршараи ҷӯи об,
Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.

Оре, сулҳ мафҳумест бузургу пуробуранг, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Тавре шоири сулҳҷӯ Турсунзода гуфтааст:..
Иншо | Просмотров: 1343 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

Халқи тоҷик баъди зиёда  аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои бузӯрги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад...
Иншо | Просмотров: 1508 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

«Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ии ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», - гуфтааст Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст....
Иншо | Просмотров: 990 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

Оре, дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳамаи мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд....
Иншо | Просмотров: 23622 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (3)

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби...
Иншо | Просмотров: 3357 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

Душанбе шаҳри зебо ва калонтарини тоҷикон буда, имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад. Ҳа¬ма мо медонем, ки Душанбе пеш аз Инқилоби Октябр як деҳаи хурдакаки камаҳолӣ буд. Бо вуҷуди хурд буданаш дар Бухорои Шарқӣ бо бозорхои калони хариду фурӯши мол маълуму машҳур буд. Одамон аз гирду атроф ва кӯҳистонҳои дурдаст ба ин ҷо омада молу маҳсулоташонро мефурӯхтанду маводи рӯзғорро харида бармегаштанд.....
Иншо | Просмотров: 1727 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

Модар  ќиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муњаббати бекарон, њимматбаландтарин шахси башарият аст. Мањз  мењри  бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Зањмати шабонарўзї, бедорхобї, пурбардории  ў танњо ба худаш хос буда, касро ба њайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кўдакї ба воя мерасему аз  ў дарси одамгарию ватандўстиро...
Иншо | Просмотров: 6467 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru