Четверг, 16.05.2024, 00:45
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2408
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

В категории материалов: 108
Показано материалов: 31-40
Страницы: « 1 2 3 4 5 6 ... 10 11 »

Сортировать по: Дате · Названию · Рейтингу · Комментариям · Просмотрам

Абулқосим Фирдавсӣ соли 934 дар деҳаи хушманзараи Божи вилояти Тӯси Хуросон ба дунё омадааст.

Мероси адабии шоир «Шоҳнома»-и безавол буда, достонҳои зиёдеро фаро гирифтааст.

Ин асари бузург дорои 60 ҳазои байт буда, дар давоми 30-35 соли ҳаёти ӯ эҷод карда шудааст. Шӯҳрату эътибори Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ хеле бузург буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун асари қаҳрамониву ҳамоси шӯҳрати ҷовидонӣ касб намудааст. ...

Иншо | Просмотров: 4573 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 12.02.2013| Комментарии (0)

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ва дар таърихи тамаддуни умумибашарӣ ҳамчун файласуф, риёзидон, олими илмиҳои табииёт, ситорашинос ва табиби ҳозиқ маълуму машҳур гардидааст. Абӯалӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Рометани наздикии Бухоро ба дунё омада, соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон вафот кардааст.
Иншо | Просмотров: 2536 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 12.02.2013| Комментарии (0)

Иншо яке аз навъҳои кори хатти хонандагон буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ таълим дода мешавад. Имтиҳони иншо дар донишкадаву донишгоҳҳо барои рушду такомул ёфтани забони миллии тоҷикӣ ёрӣ мерасонад. Вазорати маориф ҳамин нуқтаро ба эътибор гирифта, дар тамоми макотиби олӣ имтиҳони иншоро ба роҳ мондааст.
Иншо | Просмотров: 4350 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 12.02.2013| Комментарии (1)

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра - қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
   Зан-модар шахси мукаддас аст. Вакте ки симои у пеши назар меояд, аз чашмони у, аз тамоми хастии вай нур меборад. Ин нур рохи ояндаи хаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи хаёту мамот буда,аз хама кимматтарину азизтарин шахс дар олами хасти мебошад....
Иншо | Просмотров: 20204 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (4)

Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё чизеро ҳалок созад. Сухан нӯшдорӯеро мемонад, ки беморонро қуввату мадор, ҳастию тавон ва нерӯю ҷон ва солимонро ақлу ҳӯш ва заковату ибрат мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд:...
Иншо | Просмотров: 3731 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

Илм, дониш, маърифат, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфта аст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд...
Иншо | Просмотров: 2625 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад. Модоме, ки мактабу мадраса дар канор тифлону бузургонро илму адаб ва маърифату ҳунар меомӯхтаанд, пас зиндагиву умри волои инсоният ба мактабу маориф вобастагии зиёд дорад. Ба ифодаи шоир: ...
Иншо | Просмотров: 3149 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (1)

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳ - оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар асг.
Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, cap аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан....
Иншо | Просмотров: 2310 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (1)

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳоӣ болаззату хӯрданбоб. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ....
Иншо | Просмотров: 1370 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад.....
Иншо | Просмотров: 2882 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 03.01.2013| Комментарии (0)

Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru