Понедельник, 29.04.2024, 16:21
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 7
Гостей: 7
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

В категории материалов: 108
Показано материалов: 11-20
Страницы: « 1 2 3 4 ... 10 11 »

Сортировать по: Дате · Названию · Рейтингу · Комментариям · Просмотрам
Шоир ва воқеанигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ будани худ ишораҳо мекунад. Шоир дар шаҳри Самарқанд ба Абдуллохон қасидае навишта, аз мулки хеш- аз Бухоро дур афтодани худро хабар медиҳад.
«Ғариби мулки хешам дар замони давлатат, шоҳо!»....
Иншо | Просмотров: 1278 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 09.04.2013| Комментарии (0)

Бандубасти қиссаи «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» аз муқаддима ва қисмати ва сужет асосӣ, ки «Шурўъ» ном дорад, иборат мебошад. Асар таассуроти сайёҳи ҳиндӣ аз сафари шаҳри Бухоро ва туманҳои қисми ғарбии он мебошад. Қисса бо чунин суханони сайёҳ оғоз мешавад: «Чанд сол пеш аз ин яке аз мардуми Бухороро дидам ва аз чигунагии аҳволи ин шаҳр пурсидам, он қадар мадҳу сано гуфт, ки аз он дам эътиборан зиёрати он шаҳрро воҷибаи зиммаи худ шумурдам»....
Иншо | Просмотров: 943 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 09.04.2013| Комментарии (0)

Маҷмӯаи «Фарёди бефарёдрас» асосан шеърҳои дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва сарсониҳои халқи тоҷик навиштаи Лоиқ Шералиро дарбар кардааст. Ин маҷмӯа аз 30 шеъри гуногунмавзӯъ, 88 ғазал, қисматҳои «Аз «ҷоми Хайём», «Идомаи «Резаборон», «Хурдаҳо ва такбайтиҳо» ва «Рӯи одамҳо» иборат буда, аксари шеърҳо таърихи эҷод доранд. Шеърҳои «Соқиномаи имрӯзин»....
Иншо | Просмотров: 1842 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 09.04.2013| Комментарии (0)

Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ яке аз шоирони забардаст ва ахди илму адаби адабиёти асри XV маҳсуб мешавад. Ӯ соли 1414 дар вилояти Ҷоми Хуросон дар оилаи шахси донишманд ба дунё омадааст.Ӯ мегӯяд, ки устоди аввалинаш падари бузургвораш будааст, ки илм аз ӯ омӯхтааст. Ҷомӣ дар айёми наврасӣ тамоми илмҳои замонаашро фаро мегирад.Ҷомӣ барои тахсили илм ба марказҳои илмиву мадании ҳамонвақта сафар намуда, аз устодони бузурги замонаш сабақ мегирад. Кору фаъолияти Абдурраҳмони Ҷомӣ хеле барвақт оғоз намудааст.Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ обрӯ ва эътибори ӯ ба ҳамаи мамлакатҳои дуру наздик пахн мешавад....
Иншо | Просмотров: 2224 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 09.04.2013| Комментарии (0)

Унсурулмаолии Кайковус яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти асри XI ба ҳисоб меравад. Доир ба ҳолу аҳволи хонаводагии Унсурулмаолӣ маълумоти зиёде нест. Аз рӯйи гуфтаи сарчашмаҳо маълум мешавад. ки ӯ аз хонадони шахсони маърифатноку фозилу донишманд ба дунё омадааст. Унсурулмаолии Кайковус тахминан дар аввалҳои асри XI дар яке аз вилоятхои кӯҳистони Эрони ...
Иншо | Просмотров: 2462 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 04.03.2013| Комментарии (0)

Рӯзгори Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри адиб бостонии Самарқанд ба дунё омадааст. Оилаи онҳо ба китоб пайвастагии доимӣ дошт, зеро падараш саҳҳоф ва муқовасоз буд. Падар ҳар китоби хубро, ки муқова мекард, мутолиаи онро ба фарзандон, аз ҷумла Фазлиддини хушодобу хушзеҳн, тавсия менамуд. Фазлиддин баъди хатми мактаби миёна соли 1946 ба Маскав рафта, чанде дар Донишгоҳи ҳавопаймоии Маскав таҳсил кард. Аз тангии маишат ноилоҷ таҳсилро мавқуф мегузорад ва ба Самарқанд баргашта, дар колхоз ба сифати табелчӣ кор мекунад....
Иншо | Просмотров: 1516 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 04.03.2013| Комментарии (0)

Аттор Фариддудин Абуҳомид Муҳаммад ибни Абубакри Иброҳими Нишопурӣ шоири ориф ва суханвари мумтози форcу тоҷик, соли 1145 дар деҳаи Кадкани атрофии Нишопур таваллуд шудааст. Падараш Абубакр ибни Иброҳим аттор ва табиб буд. Аттор низ ба атторӣ ва табибӣ машғул шудааст. Аз ин сабаб ӯ дар миёни мардум бо номи "Аттор” машҳур гашта, дар аксар қасидаву ғазалиёташ ҳамчун тахаллус истифода бурдааст. Инчунин ӯ баъзан бо тахаллуси ”Фарид” ҳам шеър эҷод мекардааст....
Иншо | Просмотров: 1035 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 04.03.2013| Комментарии (0)

Фахридин Асади Гургонӣ яке аз достонсароёни намоёни форсу-точик буда,дар асри XI умр ба сар бурдааст. Соли тавалуди шоир маьлум нест. Аз мукаддимаи достони "Вис ва Ромин" бармеояд, ки у аз солхои 1037-1063 зиндаги кардааст. ...
Иншо | Просмотров: 838 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 04.03.2013| Комментарии (0)

Устод Рӯдакӣ бо хизмати илмиву адабӣ ва мақому манзалати таърихии худ на танҳо асоси адабиёти тоҷикро, балки асоси кулли адабиёти форсизабонони ҷаҳонро тарҳрезӣ намедааст.

Бинобар ин, Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро тамоми форсизабонони дунё, дар ҳақиқат, чун поягузори адабиёти зуд мешиносанду эътироф менамоянд....

Иншо | Просмотров: 1895 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 12.02.2013| Комментарии (0)

Абулқосими Фирдавсӣ ҳамчун сарояндаи достонҳои безаволи «Шоҳнома» дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ва ҳамчунин дар таърихи адабиёти ҷаҳон шӯҳрати бузург касб кардааст.

Фирдавсӣ дар овони ҷавонӣ ба омӯхтани илму дониш шавқу завқи зиёде доштааст. Аз ин рӯ, дар андак муддат илмҳои замонаашро аз худ менамояд. Ӯ сарояндаи яке аз достонҳои бузурги қаҳрамонӣ – «Шоҳнома» ....

Иншо | Просмотров: 2081 | Author: |Добавил: Warior | Дата: 12.02.2013| Комментарии (0)

Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru